ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали мавҷуда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкада  дотсент Давлатзода Давлат сурат гирифт.  Қабули шаҳрвандон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷкиситон тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст ва ҳама сардорони раёсату сохторҳо  аз рӯи ҷадвал қабули шаҳрвандонро баргузор менамоянд.  Қайд намудан лозим аст, ки яке аз роҳҳои зудтар баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон ва ҳамзамон ҳалли масоили мавҷуд ин қабули шаҳрвандон буда, аз ҷониби дигар барои густариши робитаи шаҳрвандон бо муассисаи олии таълимӣ, тамоси ҷамъият бо Донишкада, мусоидат менамояд. Ҳар як қабули шаҳрвандон як саҳифаи нави корӣ ва як имконияти нав барои шаҳрвандону муроҷиаткунандагон буда, он аз ҷониби ректори Донишкада ва масъулин дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Имрӯз, дар қабули шаҳрвандон 3 нафар шаҳрвандон аз шаҳру навоҳии кишвар  Муқимов Шаҳзодбек, Ахмедов Беҳзод ва Сатторова З   ширкат намуданд.
Ректори Донишкада  дотсент Давлатзода Давлат нахуст шаҳрвандонро хуш пазируфта, аз рисолати касбӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва  иҷрои масъулияту муҳимияти қабули шаҳрвандон сухан ронда, изҳор дошт, ки вазифаи мо аз баргузории қабули шаҳрвандон пеш аз ҳама дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ҳар чӣ зудтар расидагӣ намудан ба мушкилоту масоили муроҷиаткунандагон мебошад. Ҳама масоили шаҳрвандро мо бо иштироки масъулон дар ҳамин қабул баррасӣ намуда, ба тариқи расмӣ посух медиҳем ва ҳаракат менамоем, ки шаҳрвандон-муроҷиаткунандагон ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд.
Ҳамзамон, ректори Донишкада таъкид намуданд, ки Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори робитаи мустақим бо волидайну фаъолони ҷомеа буда, ба тарбияи баланди насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа дар рӯҳияи масъулиятшиносиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстиву  ватандӯстӣ, рушди соҳаи маориф ва пешрафти саноат афзалият медиҳад.
Зимни баргузории қабули шаҳрвандон  арзи онон пурсида шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат муроҷиати шаҳрвандон ба таври қонунгузорӣ баррасӣ карда шаваду талаботи муроҷиаткунанда қонеъ гардонида шавад. Зеро ҳама гуна муроҷиат ва ҳама гуна ариза бояд фаврӣ баррасӣ шаваду шаҳрванд аз муроҷиати кардааш ноумед нагардад.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин,  сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Баротова Саиднисо, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин,  мудири кафедраи забонидавлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро ширкат намуданд.
Ёдрас мешавем, ки қабули шаҳрвандон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот
М.Саидов