БАРГУЗОРИИ ШОМИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Боғи фарҳангии шаҳри Бӯстон ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои Ёқут”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ба сокинони шаҳри Бӯстон манзур карда шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат Сангин, ректори Донишгоҳи байналмилалии Хуҷанди ДБССТ Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати таълим Осими Оқил ва дигар ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, сокинони шаҳри Бӯстон ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ барномаи рангини фарҳангиву ҳунарӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Суруду таронаҳои ватандӯстона, аз ҷумла дар васфи Тоҷикистон, Модар-Ватан, Пешвои муаззами миллат —Қаҳрамони Тоҷикистон, зебогиҳои ватани маҳбуб аз ҷониби сарояндагони маҳбуби шаҳр ва ансамбли ҳунарии Донишкада манзури ҳамагон гардонида шуд.
Сокинон ва меҳмонон чорабинии дар сатҳи баланд баргузоргардидаро хуш пазируфта, бар баргузоркунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот