ВАҲДАТ- АСОСИ СУЛҲУ ПЕШРАФТ

Ваҳдат яке аз арзишҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маънои вожаи Ваҳдат- ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидии мардум мебошад. Ҳар давлате, ки ваҳдат дорад, метавонад ба пешрафту тараққиёт ноил гардад.

Барои мардуми Тоҷикистон ваҳдат аҳамияти бузург дорад. Ба шарофати ваҳдат ва сулҳ имрӯз мардум дар фазои осуда зиндагӣ мекунад, таҳсил менамояд ва барои ободии Ватан саҳм мегузоранд.

Ваҳдат имконият медиҳад, ки намояндагони миллатҳо ва ақидаҳои гуногун дар фазои дӯстиву эҳтиром зиндагӣ кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намуданд: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кадр, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буданд».

Ҳифзи ваҳдат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо бояд ҳамдигарро эҳтиром намоем, дӯстӣ ва ҳамбастагиро тақвият бахшем ва барои кишвари худ саҳм гузорем. Ҷавонон низ бояд арзиши ваҳдатро дарк намуда, барои нигоҳ доштани сулҳу субот кӯшиш намояд.

Маҳз  ваҳдат аст, ки дар қалбҳои тамаддун офар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихи ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.

Танҳо дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷомеа рушд карда, давлат пешрафт менамояд. Аз ин рӯ, ҳар яке мо бояд барои таҳкими ваҳдат ва дӯстӣ саҳмгузор бошем.

Норбобоева Г.Б. 

омӯзгори  кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон