Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба шумор меравад. Ин мафҳум ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта, бахшиши кинаҳо ва якпорчагии миллатро дар бар гирифта, на танҳо шиори сиёсӣ, балки асоси пойдории давлат ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа маҳсуб мешавад. Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву фарҳангӣ, масъалаи ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳаммияти сарнавиштсоз дорад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ танҳо падидаи иҷтимоӣ нест, балки неъмати таърихие мебошад, ки бо заҳматҳои бузурги Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иродаи халқ ва музокироти тӯлонӣ ба даст омадааст. Рӯзи 27 июни соли 1997, ки дар таърихи навини кишвар ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шудааст, ба анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, сулҳу субот ва созандагӣ асос гузошт. Аз ин рӯ, омӯзиши моҳият, аҳамият ва нақши ваҳдати миллӣ дар таъмини ояндаи дурахшони миллат яке аз масъалаҳои муҳими таҳқиқоти ҷамъиятшиносӣ ва сиёсӣ мебошад.
Солҳои 1992–1997 яке аз марҳилаҳои пурфоҷиа дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар ҳамин давра ҷомеаи кишвар ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои мусолиматомези ҳалли низоъ ба масъалаи ҳаётӣ табдил ёфт. Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушунидҳои расмӣ миёни ҷонибҳо, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз ба хунрезӣ хотима бахшида, заминаи сулҳ, ризоияти ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллиро фароҳам овард. Дар адабиёти сиёсии муосири тоҷик ин сана ҳамчун гардиши куллӣ дар таърихи навини кишвар ва оғози давраи нави рушду созандагӣ арзёбӣ мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ваҳдати миллӣ на ҳамчун ҳодисаи кӯтоҳмуддат, балки ҳамчун раванд ва дастоварди бузурги таърихӣ бояд мавриди таҳлил қарор гирад.
Моҳияти ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар муттаҳид сохтани неруҳои ҷомеа баҳри ҳифзи давлат, таҳкими суботи сиёсӣ ва пешрафти миллӣ ифода меёбад. Ваҳдати миллӣ тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷомеа буда, боиси эҳёи иқтисоди кишвар ва масъулияти умумӣ барои ҳаёти ҳозира ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Яъне, ваҳдат танҳо натиҷаи сулҳ нест, балки муҳаррики рушди минбаъдаи ҷомеа низ ҳаст.
Дар баробари ин, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллати тоҷик кишварро ба фатҳи қуллаҳои нави тараққиёт ва пешравии ҳамаҷониба раҳнамун месозад. Вақте ки дар ҷомеа ризоияти сиёсӣ ва ҳамдигарбоварӣ ҳукмфармо мегардад, барои рушди иқтисод, маориф, илм, фарҳанг ва низоми муассири идоракунӣ шароити мусоид фароҳам меояд. Аз ин нигоҳ, ваҳдати миллӣ яке аз пояҳои стратегии давлатдорӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Ояндаи дурахшони миллат пеш аз ҳама ба суботи дохилӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ вобаста аст. Дар ин замина таъкид мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, Ватанро сидқан дӯст доранд, ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд ва барои ободӣ, таҳкими сулҳу оромӣ ва ҳифзи истиқлол саҳми назаррас гузоранд. Ин андеша нишон медиҳад, ки ваҳдат танҳо масъулияти давлат нест, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои ташаккули фазои солими маънавӣ ва шаҳрвандӣ низ нақши калидӣ дорад. Ҷомеае, ки дар он сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ устувор аст, метавонад неруи зеҳнӣ ва иқтисодии худро ба созандагӣ, навоварӣ ва тарбияи насли ояндасоз равона намояд. Аз ин рӯ, мафҳуми «ваҳдати миллӣ — ояндаи дурахшони миллат» ифодаи робитаи мустақими байни сулҳи пойдор ва пешрафти устувори ҷомеа мебошад.
Яке аз шартҳои муҳимми пойдории ваҳдати миллӣ тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Агар ҷавонон моҳияти сулҳу ваҳдатро амиқ дарк намоянд, онҳо метавонанд ҳимоятгарони воқеии истиқлол, субот ва манфиатҳои миллӣ гарданд. Дар шароити муосир, ки фазои иттилоотӣ пур аз таъсирҳои гуногун аст, таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ ва фарҳанги сиёсӣ аҳаммияти бештар касб мекунад.
Ҳифзи ваҳдати миллӣ аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланд, бедории сиёсӣ ва эҳсоси гарми ватандориро тақозо менамояд. Ин сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо қимати бузург ба даст омадаанд ва ҳифзу эҳтиёти онҳо вазифаи доимии ҷомеа мебошад. Бинобар ин, низоми маориф, муассисаҳои илмӣ, воситаҳои ахбори омма ва оила бояд дар ҳамкорӣ фарҳанги сулҳ ва ваҳдатро дар шуури ҷавонон тақвият бахшанд.
Умуман, Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои хотима бахшидан ба низоъ, таҳкими давлатдорӣ ва оғози марҳилаи нави рушди миллӣ замина гузошт. Моҳияти он дар ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳофарӣ, ризоияти иҷтимоӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа баҳри ҳадафҳои бузурги миллӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз, ваҳдати миллӣ воқеан пояи ояндаи дурахшони миллат аст.
Дар шароити кунунӣ вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки ин неъмати таърихӣ ҳифз ва таҳким дода шавад, то рушди устувори давлат, пешрафти маънавии ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум таъмин гардад. Ҳар қадар сатҳи худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва меҳри Ватан дар ҷомеа боло равад, ҳамон андоза пояҳои ваҳдати миллӣ устувортар шуда, фардои Тоҷикистон азиз бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтар хоҳад буд.
Зиёмидинов Баҳодур Мирзомидинович,
н. и. ф-м, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
