Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик танҳо як мафҳуми оддӣ нест, балки он рамзи наҷоти миллат, эҳёи давлатдорӣ ва кафили фардои обод аст. Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки хатари нестшавии давлатро ба миён овард. Дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ба сари қудрат омадани Сарвари ҷавону ҷасур Эмомалӣ Раҳмон оғози наҷоти давлату миллат гардид. Президенти кишвар, ки имрӯз бо унвони сипосгузоронаи Пешвои миллат шинохта мешавад, меъмор ва асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон аст.
Дар шароите, ки кишварро оташи ҷанг фаро гирифта буд ва касе кафолати амниятро намедод, Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсоз уҳдадории таърихиро ба зимма гирифт. Ӯ дар аввалин муроҷиати худ изҳор дошт: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам». Ин танҳо як шиор набуд. Пешвои миллат барои иҷрои ин ваъда ҷони худро ба хатар гузошта, ба собиқ маҳалҳои ҷангзада ва ҳатто ба Афғонистон, ба хотири музокира бо мухолифин сафар кард. Ин ҷасорати бемисли сиёсӣ заминаи аввалини боварии халқро ба оянда гузошт.
Раванди ба даст овардани сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ осон набуд. Он чор сол (1993–1997) давом карда, беш аз 40 давраи музокироти расмӣ ва ғайрирасмиро дар бар гирифт. Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва сиёсати «дарҳои кушода» тавонист, ки ҷонибҳои даргирро ба сари мизи гуфтушунид бинишонад. Ӯ бо гузаштҳои зиёди сиёсӣ ба хотири манофеи миллӣ, бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ, роҳро барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар 27 июни соли 1997 ҳамвор кард. Ин ҳуҷҷат Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ҳифз намуд.
Хизмати бузурги Пешвои миллат пас аз имзои созишнома дар он буд, ки Ваҳдати миллиро аз коғаз ба амал табдил дод. Зери роҳбарии ӯ беш аз як миллион гуреза ба хонаҳояшон баргардонида шуданд. Танҳо пас аз таъмини ваҳдат кишвар тавонист ба ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти нақлиётӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ шурӯъ кунад. Сулҳ имкон дод, ки неругоҳҳои бузург, роҳу наворҳои байналмилалӣ сохта шаванд:
Зи ваҳдат зиндагӣ рангу ҷалол ёфт,
Ватан аз нав бақову ҳам камол ёфт.
Ба ҳар ҷое нигарӣ, созандагист,
Муроди одамият зиндагист.
Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ ва барқарории сулҳ ҳалкунанда арзёбӣ мегардад. Бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат, Тоҷикистон тавонист аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳо ёфта, ба сӯи ҷомеаи осоишта ва мутамаддин қадам гузорад.
Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди даврони истиқлол, таҳлили аҳамияти он дар рушди давлатдорӣ ва муайян намудани таъсири он ба таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки асоси рушди устувори давлат ва кафили пешрафти минбаъдаи кишвар ба шумор меравад.
Ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик Ваҳдати миллӣ ҳамчун марҳалаи нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гардида, расо 29 сол муқаддам ормонҳои чандинсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик амалӣ шуданд. Он рӯзи таърихӣ, ки дар шаҳри Маскав миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, кишварро аз нобудшавӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод.
Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, марҳалаи нави таърихи давлатдории навинро оғоз бахшид.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо – тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.
Сулҳи тоҷикон намунаи нодири таҷрибаи сулҳофаринӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат тавонист бо сабру таҳаммул, гуфтугӯ ва муколамаи созанда тамоми қишрҳои ҷомеаро ба сулҳ даъват намояд. Ин раванд нишон дод, ки танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ метавон ба суботи пойдор ноил гардид. Ваҳдати миллӣ ки яке аз арзишҳои олитарини ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад ва омили асосии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад бо ташаббуси Пешвои миллат, сиёсати ваҳдатгароӣ дар ҳамаи соҳаҳо татбиқ гардид, мардум ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ даъват шуданд.Ҳамасола таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва иттиҳоди миллӣ баргузор мегардад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ мусоидат мекунад. Бояд қайд кард, ки пас аз барқарор шудани сулҳ, Пешвои миллат барои таҳкими асосҳои давлатдорӣ як қатор ислоҳоти муҳимро роҳандозӣ намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили сохторҳои давлатӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ заминаи рушди устувори кишварро фароҳам оварданд. Татбиқи принсипҳои демократӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуд. Ин равандҳо барои таъмини суботи сиёсӣ ва эътимоди мардум ба ҳокимияти давлатӣ аҳамияти калон доранд. Ҳамзамон сиёсати иқтисодии Пешвои миллат ба рушди устувори кишвар равона гардидааст. Бо роҳандозии барномаҳои давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, иқтисодиёти кишвар тадриҷан рушд ёфта, инфрасохтори он беҳтар гардид. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими ин давра мебошанд. Илова бар ин, рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Имрӯз Тоҷикистон ба як давлати рӯ ба рушд табдил ёфтааст, ки дар он суботи иқтисодӣ тадриҷан таъмин мегардад. Сиёсати иҷтимоӣ ва рушди фарҳанг Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Баланд бардоштани сифати таълим, дастгирии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошанд. Бо бунёди мактабҳо ва донишгоҳҳо, шароити таҳсил барои насли наврас беҳтар гардид. Ҳамчунин, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Ин равандҳо барои рушди маънавии ҷомеа ва пойдории ваҳдати миллӣ аҳамияти калон доранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ба суботи кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Пешвои миллат ба таъмини амнияти миллӣ диққати махсус дода, барои пешгирии чунин таҳдидҳо тадбирҳои муассир меандешад. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар роҳи ҳифзи сулҳ ва суботи кишвар саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат пайваста онҳоро ба ҳушёрӣ, донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ даъват менамояд. Бо роҳбарии Пешвои миллат, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд равона гардидааст. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта мешавад. Иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ ва пешниҳод намудани ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ва иқлим, мавқеи кишварро дар ҷаҳон мустаҳкам намуданд. Ин дастовардҳо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири мусбат мерасонанд.
Ҳамин тариқ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ниҳоят бузург ва беназир мебошад. Маҳз бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурандешонаи ӯ, Тоҷикистон аз як давраи душвори таърихӣ гузашта, ба сӯи рушду пешрафт қадам гузошта истодааст. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин сарвати бебаҳои миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд, имрӯз дар мамлакати мо ҳукмфармо ҳастанд ва барои минбаъд ҳифз намудан ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин дастовардҳо ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор мебошад. Зеро танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва меҳнати содиқона метавон ояндаи дурахшони мамлакатро таъмин намуд.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ беназир ва таърихӣ аст. Кӯшишҳои ӯ исбот карданд, ки қудрати миллат дар муттаҳидӣ ва гузашт ба хотири ояндаи фарзандон аст. Имрӯз ҳифзи ин Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва қурбониҳои зиёд ба даст омадааст, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ҷавонон мебошад, зеро:
Ваҳдати мо кафили фардо аст,
Давлати мо зи сулҳ барпо аст!
Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна
номзади и, п., мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
