Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими меҳандӯст, роҳбари созандаву бунёдкор Давлатзода Давлат бо ҷараёни корҳои созандагӣ, таъмиру таҷдид ва ободкориҳо дар кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия шинос гардида, ба мудири кафедраи мазкур ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд анҷом ёфтани корҳои созандагӣ машваратҳо дод.
Таъкид карда шуд, ки синфхонаҳо бояд бо тамоми лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба талаботи замон мувофиқ карда шаванд. Роҳрав, фарши синфхонаҳо, пурра навсозӣ карда шаванд.
Давлатзода Давлат изҳор доштанд, ки то оғози соли хониш боз чандин марказҳои нав таъсис дода хоҳад шуд ва толорҳои лексионӣ бунёд карда мешавад. Ҳамчунин, ба як қатор омӯзгорони ҷавон ва фаъол ҷиҳати анҷом додани корҳои илмӣ имтиёзҳо дода мешавад.
Пас аз машварат ва боздид аз ҷараёни корҳои ободонӣ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ ҷиҳати ташаббускориҳо ва фаъолияти босамар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот


