Мулоқоти судманд: Ҷаҳонишавӣ. Истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар толори илмӣ-электронии Донишкада чорабинии факултети металлургия таҳти унвони “Ҷаҳонишавӣ. Истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии имрӯза омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Чорабниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ифтитоҳ намуда,  дар мавзуи “Зиракии сиёсӣ асоси наҷоти инсон аз шомилшавӣ ба созмону ҳаракатҳои номатлуб“, ҳуқуқшиноси донишкада Қаноатова Гулнора дар мавзуи “Эҳтироми қонун-эҳтироми зиндагии осоишта”, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстӣ ва нақши он дар ташаккули шаҳрванди масъулиятшинос”муовини декани факултети металлургия  оид ба таълим Исмоилов Наим дар мавзуи “Ифротгароӣ хатари бузург бар рушди ҷамъият” ва омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бақоев Беҳзод     дар мавзуи “Саодати инсон дар ватандӯстист!” маъруза намуда, роҷеъ ба оқибатҳои ҷаҳонишавӣ, хатари ҷараёнҳои муосир, оқибати гароиш ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ,  истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ,  донишандӯзӣ , омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва зарару зиёни хурофотпарастиву бетарафӣ, пешгирӣ аз гумроҳшавӣ нуктаҳои муҳимро изҳор дошатнд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз бо ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон рӯз аз рӯз рушду тараққӣ намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа муаррифӣ гардид ва аз насли ҷавон феълан тақозо карда мешавад, ки хубу аъло хонанд, хештаншинос бошанду масъулиятшинос, ватандӯсту меҳнатдӯст ва дилсӯз бар ин ватану миллат …

Иброз дошта шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо, азбайнравии фарҳангу забонҳо ва гумроҳсозии насли ҷавон бисёр ҳам мушоҳида мешавад, насли ҷавон бояд ҳушёру зирак бошад, забонҳои хориҷиро омӯзад ва барои ҳифзи забону фарҳанг ва манофии миллӣ талош варзаду худ фирефтаи созмонҳои ифротӣ нагардад.  

Дар интиҳои чорабинӣ миёни маърузакунандагон ва донишҷӯён  суҳбати ошкоро сурат гирифта, донишҷӯён ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот