Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сол аз сол ободу зебо мегардад. Хуршеди истиқлол 35 сол инҷониб дар фазои кишвари азизамон нурафшонӣ намуда, имрӯзу фардои миллати куҳанбунёдамонро мунаввар мегардонад.
Бо шарофати Истиқлолият кишвари мо роҳи мустақили пешрафти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоиро пеш гирифта, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло меравад. Маҳз файзу баракати Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти камуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба комёбиҳо ноил гаштем.
Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ ва аз бумбасти комуникатсионӣ баромадани кишвар басо бузург мебошад. Боиси сарфарозӣ ва сарбаланди аст, ки мо ба асри 21 бо шахсияте ворид шудем, ки ном ва кораш дар ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳу амонӣ, рамзи адолату ҳақиқат ва рамзи ватанпарастӣ, созандагию бунёдкорӣ сабти таърих гаштааст, ки ӯ ном дорад Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ин фарзанди фарзонаи миллат тавонист миллатро аз парокандагӣ ва кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонда наҷот бахшад. Пас аз он бо хоксорӣ, бо хиради азалӣ ва бо ифтихор иброз намуд, ки ин бузургтарин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ин хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик аст.
Ба бахти мо, ба бахти миллати азизи мо дар Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ бо раъйи вакилони мардумӣ маҳз Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб гардид ва масъулиятро бар дӯшаш вогузор намуданд. Бо нахӯстин рафтору гуфтор дар дилҳо ҷой гирифта, тавонист, ки ба мардум умед бубахшад ва чароғи бовариро барафрӯзад.
Ҳамзамон, дар он вазъи басо мураккаби кишвар пиру барнои кишвар дасти дуо бармедоштанд, ки Худо ҳифзаш бинамояду ёриаш бидиҳад, то ин оташи фурӯзони ҷангро хомӯш бисозад ва миллати парокандаро ҷамъ биёварад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт гуфта буданд: “То дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам”. Зеро ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаашон бовар доштанд. Дар ҳоле, ки ин бовар ҳама мардумро тарк карда буд.
Баъди солҳои мудҳиши ҷангӣ шаҳрвандӣ муддати 29 сол аст, ки мардуми кишварамон дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, ба меҳнати созандагию ободонӣ шукргузор аст. Бояд тазаккур дод, ки Ваҳдати миллӣ, созишномаи сулҳи тоҷикон аҳмияти бузурги минтақавӣ ва байналхалқӣ дошт. Аҳамимияти минтақавии ин созишнома дар он буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷумҳурии Осиёи Марказӣ паҳн нагардид ва дар минтақа фазои сулҳу субот пойдор гардид. Аҳмияти байналхалқии созишнома ба он маъно буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз тарафи Созмони Миллали муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти таърихии созишномаи сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки “Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини Сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб 1 миллион гурезаҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфӯз аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъабинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид”.
Бояд зикр намуд,ки барои ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ 9 давраи гуфтушуниди комиссияҳои корӣ баргузор гардид. Ҳолатҳое мешуданд, ки гуфтушунидҳо ба ҳамдигарнофаҳмиҳо меовард, аммо маҳз таҳаммулпазирӣ, сабр ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон лаҳза ба лаҳза сулҳи деринтизорро наздик меовард.
Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ фарзанди фарзонаи халқ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҷони худро дар хатар гузошта, санаҳои 10-11 декабри соли 1996 ба мавзеи Хусдеҳи Афғонистон сафар карда бо роҳбари нерӯҳои мухолифин Саид Абдуллои Нурӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқоти санаҳои 20-21 феврали соли 1997 дар шаҳри Машҳади Эрон “Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ” тасдиқ гардид, ки ин комиссия барои ба эътидол овардани вазъият нақши муҳим бозид. Ҳуҷҷати дуввум “Протокол дар бораи вазифа ва салоҳияти Комиссияи оштии миллӣ” дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Санаҳои 16-18 майи соли 1997 дар шаҳри Бишкек протоколи сиёсӣ байни неруҳои давлатӣ ва мухолифин ба тавсиб расид. Ҳамин тавр, раванди музокироти сулҳи точикон бо имзои “Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ” 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ҷамъбаст гардид. Бо гузашти солҳо аҳамият ва эътибори Ваҳдати милии тоҷикон, ҳамчун арзишмандтарин дастоварди даврони Истиқлолият ҳамон қадар бештар аён мегардад.
Бояд қайд намуд, ки андар ситоиш ва шинохти муњтарам Эмомалї Рањмон сиёсатмадорону коршиносони љањон ва устодони сухан, шоирону адибони сатњи љањонидошта, суханњо ва њикматњои зиёде гуфтананд. Аз љумла, моњи июни соли 1997 замоне, ки Сарвари давлатамон баъди ба имзо расонидани Созишномаи сулњи тољикон аз Маскав ба ватан баргаштанд, шоири зиндаёд устод Лоиќ Шералї аз номи ањли адаби љумњурї бо чунин мисраъњо пешвоз гирифтанд:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ ба диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ваҳдати миллӣ- Созишномаи сулҳи тоҷикон бо осонӣ ба даст наомадааст, зеро Ваҳдати милии тоҷиконро бе сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ ба мисли Истиқлолият вожаи муқаддаси таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, ҳифзи дастовардҳои он вазифаи муқаддасӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Муслимзода Хайём
сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
