ЭМОМАЛӢ РАҲМОН -ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР

Ин нуктаро бояд таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Агар имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад, дар ин раванд нақши шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки хатари аз байн рафтани давлат ва парокандашавии миллат вуҷуд дошт, маҳз талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти бузурги миллӣ барои барқарор намудани сулҳ ва субот замина гузоштанд. Аз ҳамин ҷост, ки Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои ваҳдатофар ва асосгузори сулҳу субот дар Тоҷикистон мешиносанд.
Ёдрас бояд шуд, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Тоҷикистон ба мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ихтилофҳои сиёсӣ ва гурӯҳӣ дар ниҳоят кишварро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонд. Ин ҷанг ба ҷони ҳазорҳо шаҳрвандон расида, иқтисоди кишварро хароб кард ва садҳо ҳазор нафарро маҷбур сохт, ки тарки хона ва диёри худ намоянд.
Дар чунин шароити ҳассос ҷомеа ба роҳбаре ниёз дошт, ки тавонад мардумро муттаҳид намуда, роҳи сулҳу оштиро интихоб намояд. Соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шуро интихоб гардиданд ва аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳ ва таъмини суботи ҷомеаро ҳадафи асосии худ қарор доданд.
Яке аз хизматҳои бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ барои хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талошҳои зиёд анҷом доданд. Музокироти сулҳ миёни ҷонибҳои мухолиф солҳои зиёд идома ёфт ва бо саъю кӯшиши роҳбарияти давлат ба натиҷаи мусбат расид.
Дар натиҷа, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои бунёди ҷомеаи осоишта ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Бо ба даст омадани сулҳ, мардум имконият пайдо карданд, ки ба зиндагии осоишта баргарданд, иқтисодиёт эҳё гардад ва фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ба эътидол оварда шавад. Маҳз ҳамин дастовардҳо фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои ваҳдатофар дар байни ҷомеа машҳур гардониданд. Имрӯз, миллати сарбаланди тоҷик Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳнамо ва ҳомиди худ медонаду эҳтиром менамояд.
Қайд намудан лозим аст, Пас аз барқарор гардидани сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Тавассути сиёсати созанда ва муттаҳидкунандаи Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар садҳо иншооти муҳим бунёд ёфта, роҳҳо ва нақбҳои стратегӣ сохта шуданд, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд карданд.
Ваҳдати миллӣ барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии худ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Албатта, дар ҳамаи ин дастовардҳо ва муваффақиятҳои миллат нақши ваҳдати миллӣ хеле муассир мебошад. Зеро бидуни сулҳ, субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ягон ҷомеа наметавонад рушд ёбад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардумро ба дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат даъват менамоянд ва таъкид месозанд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд расид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор ва башардӯст мешиносанд ва эътироф менамоянд. Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, бахусус масоили об, таҳкими сулҳ, ҳифзи захираҳои об ва рушди устуворро пайваста дар минбарҳои байналмилалӣ матраҳ менамоянд, ки ин амалкард аз сиёсатмадорӣ барҷаста ва сатҳи байналмилалӣ будани он кас шаҳодат медиҳад.
Бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қатъномаҳои марбут ба об, сулҳ, ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд, ки ин иқдомҳо боиси баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон шудаанд ва нишон медиҳанд, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи роҳбарияти олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ низ мақоми баланд дорад.
Ин нуктаро бояд таъкид сохт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат барои миллати тоҷик мебошад. Дар ба даст овардан ва таҳкими ин дастоварди таърихӣ Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи душвортарини таърихи навини Тоҷикистон масъулияти роҳбариро ба уҳда гирифта, барои барқарор намудани сулҳ, ҳифзи давлатдорӣ ва муттаҳид сохтани мардум хизматҳои шоиста анҷом доданд, ки ин хидматҳо ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои ваҳдатофар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус доранд. Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва сиёсати ваҳдатгароёнаи Сарвари давлат барои наслҳои имрӯз ва фардо намунаи ватандӯстӣ, хирадмандӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад. Ҳифзи ваҳдати миллӣ ва идомаи роҳи созандагӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҷавонон вазифадоранд, ки дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Омӯзиши таърихи сулҳу оштӣ ва қадр намудани арзиши ваҳдат барои ҳар як ҷавони тоҷик аҳамияти калон дорад.
Мо, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Мирзозода Воҳид
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон