ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-АСОСИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ САОДАТИ МИЛЛАТ

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷаласаи навбатии ректори тозаинтихоби Донишкада дотсент Давлатзода Давлат баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Давлатзода Давлат нахуст аз иҷроиши вазифагузориҳо пурсида, ҳисоботи масъулинрл оид ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, навиштани мақолаву изҳорот, рисолаҳои илмӣ пурсон шуда, сипас роҷеъ ба пешрафти кор машварат дод.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза муҳтарам Давлатзода Давлат оид ба нақши калидии ваҳдати миллӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, саҳми аҳли зиё дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, нақши ваҳдат дар пешрафти давлату саодати миллат, ҷанбаҳои ахлоқии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки маҳз талошу кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кишвар сулҳу субот фароҳам гардид ва миллат бар саодат расид.
Мавсуф изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту тараққиёт, таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, хушҳоливу саодати миллат, мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши бениҳоят бузург доранд. Талашҳои Сарвари хирадманди давлат буд, ки мо аз бадбахтиву рӯзҳои вазнин наҷот пайдо кардему имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комил зиндагӣ менамоем. Ба қадри ин абармарди арсаи сиёсат ва қаҳрамони миллат бояд расид!
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор пешниҳоду андешаҳои масъулин оид ба баргузории ин чорабинии бошукӯҳ ва санаи муҳими таърихӣ ироа гардид, ки аз ҷониби олими ҷавон ва меҳандӯсти асил Давлатзода Давлат бар салоҳи кор дониста шуд.
Шуъбаи иттилоот