КИТОБИ ОЛИМОНИ ДОНИШКАДА “МЕТАЛЛУРГИЯИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА” БА НАШР РАСИД

Боиси ифтихор ва шодмонист, ки инак китоби дарсии олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “Металлургияи металлҳои ранга” бо Қарори ҳайати мушовараи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 ҷилд ба нашр расид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт иттилоъ дод.
Китоби мазкур барои донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон, аспирантон ва унвонҷӯён тавсия дода шудааст.
Муаллифони китоби мазкур олимони Донишкада профессор Назаров Холмурод, дотсент Раҳимзода Ҳаёт ва дотсент Қодиров Абдурашид мебошанд.
Дар ин китоб олимон ба масъалаҳои мубрами металлургияи металлҳои ранга таваҷҷуҳ фармуда, фарогирии имконият ва захираҳои маъдани Тоҷикистон, навъ, хосият ва ҳолати гудозиши металлҳоро тавсиф намудаанд.
Олимон талош варзидаанд, то дар ин китоб ба ҳалли муаммоҳои мушкили соҳа посух бигӯянд.
Олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба ин дастоварди муҳими илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият таманно менамоем.
Шуъбаи иттилоот