Муште аз хоки қаҳрамонон – эҳтиром ба гузашта: Нақши хотираи таърихӣ шаклгирии ҳуввияти миллӣ

Ҳифзи хотираи таърихӣ ва эҳтироми қаҳрамонони барҷастаи миллат яке аз рукнҳои асосии сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Миллате, ки гузаштаи худро фаромӯш мекунад ва қаҳрамонони  таърихии худро пос намедорад, наметавонад ояндаи устувори худро бунёд намояд. Маҳз ба ҳамин хотир, сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳамеша ба эҳёи номи бузургон ва қаҳрамонони халқ нигаронида шудааст. Рӯйдоди таърихие, ки ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандии кишварро ба ларза овард –  ин ба Ватан баргардонидани хоки поки се тани аз асосгузорони Тоҷикистони муосир: Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскав мебошад. Ин иқдом танҳо як маросими дафни рамзӣ ё расмиёти оддӣ нест; он як акти бузурги сиёсию маънавӣ, нишонаи камолоти шуури миллии давлат ва барқароршавии адолати таърихӣ мебошад, ки пас аз тақрибан як асри ғурбату хомӯшӣ сурат гирифт.

         Пешвои миллат  саҳми онҳоро дар солҳои 1920 – 1930 барои эҳёи миллат, ҳимояи ҳуқуқи тоҷикон ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир меҳисобад, ва дар суханрониву асарҳои  худ қаҳрамонони Тоҷикистонро ҳамчун поягузорони давлатдории навин ва муборизони фидокори миллат арзёбӣ  мекунад.

Барои дуруст ва дар сатҳи таҳқикотӣ баҳо додан ба ин рӯйдод, зарур аст, ки мо ба заминаҳои таърихии фаъолияти ин се тан қаҳрамонони барҷаста назар андозем. Солҳои 20 – уми асри ХХ барои миллати тоҷик давраи ҳаёту мамот буд. Сиёсати тақсимоти миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна (соли 1924) боиси он гардид, ки марказҳои бузурги фарҳангиву таърихии тоҷикон дар беруни ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон монданд. Дар чунин шароити ниҳоят сангини иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ҳатто мавҷудияти миллати тоҷик аз ҷониби  баъзе доираҳои сиёсӣ инкор карда мешуд, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба майдони мубориза омаданд.

         Маҳз кӯшишҳои хастанопазири онҳо боис шуд, ки соли 1929 Тоҷикистон аз мақоми ҷумҳурии мухтор баромада, ба Ҷумҳурии Иттифоқии мустақил (ҶШС Тоҷикистон) табдил ёфт ва ин заминаи асосии Истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо гардид.

Ҳар яке аз ин се шахсият дар соҳаи худ қаҳрамонӣ ва фидокориҳои беназир нишон додаанд, ки таҳлили алоҳидаи сабки илмиро талаб мекунад:

 Нусратулло Махсум (Чархи Сиёсии Давлатдорӣ)

Ҳамчун Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон, ӯ аввалин роҳбари олии сиёсии кишвар буд. Нусратулло Махсум на танҳо барои муайян кардани марзҳои сиёсии Тоҷикистон мубориза мебурд, балки дар ташкили сохторҳои давлатӣ, артиш, роҳсозӣ ва эҳёи иқтисоди харобшудаи кишвар нақши калидӣ дошт. Талаботи қатъии ӯ аз Марказ (Маскав) ҷиҳати ҷудо кардани маблағ ва кӯмакҳо барои тоҷикон нишонаи ҷасорати баланди сиёсии ӯ буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: «Мо наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони бо нангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла яке аз симҳои барҷастаи сиёсӣю давлатии ибтидои  асри гузашта Нусратулло Махсумро ки зодаи Рашти  бостонӣ буда, дар  қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташшакул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст ба таври шоиста қадршиносӣ мекунем»

 Шириншоҳ Шоҳтемур (Дипломатия ва Манфиатҳои Миллӣ)

Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамсанг ва мағзи мутафаккири сиёсии Нусратулло Махсум ба шумор мерафт. Вай бо дониши амиқи сиёсӣ ва маҳорати дипломатии худ мактубҳо ва асосноккуниҳои таърихиеро омода мекард, ки ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои доштани давлати мустақил исбот менамуданд. Муборизаи ӯ дар Маскав бар зидди ақидаҳои нодурусти умумӣ, саҳифаи дурахшони дипломатияи миллии мост.

 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид менамоянд, ки «Шириншо Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯҳтоашон тавонистанд заминаи ассосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд»

Нисор Муҳаммад (Бунёдгузори Маориф ва Фарҳанги Нав)

Аҳамияти фаъолияти Нисор Муҳаммад (аввалин Вазири маориф халқи Тоҷикистон) Агар  Нусратулло Махсум ва  Шириншо Шоҳтемур сохтори сиёсиро устувор карда бошанд, Нисор Муҳаммад рӯҳ ва маорифи миллати тоҷикро аз нестшавӣ наҷот дод. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ   аввалин мактабҳои муосири тоҷикӣ ва курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил карда шуданд.  Матбааҳо ва нашри аввалин китобҳои дарсиву рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд.  Ӯ аҳамияти зиёиёнро хуб дарк мекард, аз ин рӯ, шароит фароҳам сохт, ки бузургоне чун Устод Садриддин Айнӣ ва дигар равшанфикрони тоҷик ба шаҳри Душанбе даъват шаванд ва таҳти ҳимояи давлат фаъолият кунанд. Нисор Муҳаммад шахсияте буд, ки маорифро сипари мудофиавии ҳуввияти миллии тоҷикон дар солҳои 20-ум гардонд.

Мутаассифона, ин се ходими барҷаста, ки танҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллии халқи худ мубориза мебурданд, бо тӯҳматҳои сохтаи “миллатгароӣ” (национализм)  айбдор карда шуданд. Дар солҳои 1937–1938 онҳо дар шаҳри Маскав ба қатл расонида шуда, дар қабристонҳои умумӣ ва махфи (ба монанди “Донское” ва “Бутово”) ба хок супорида шуданд.

Дар давоми даҳсолаҳо номи онҳо ё тамоман гирифта намешуд, ё бо эҳтиёт ёд мешуд. Мазор ва хоки онҳо дар ғурбат, дур аз Ватане, ки барои бунёдаш ҷон дода буданд, боқӣ монд. Ин ҳолат дар илми ҷомеашиносӣ як навъ “парокандагии хотираи таърихии миллат”-ро ба вуҷуд оварда буд, зеро ҷисми бунёдгузорони давлат берун аз марзи давлат қарор дошт.

Дар замони Истиқлолият, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Аммо иқдоми охирини ба таври расмӣ ва давлатӣ баргардонидани мушти хоки онҳо ҳамроҳ бо Нисор Муҳаммад ба шаҳри Душанбе, ин раванди қадрдониро ба нуқтаи авҷи худ расонд. Ин амал нишон медиҳад, ки таърих ҳамеша адолатро барқарор мекунад. Давлат ба ҷомеа ва ҷаҳониён собит сохт, ки ҳеҷ як фарзанди содиқ ва фидокори Ватан, новобаста аз он ки чанд сол гузаштааст, дар ғурбат ва фаромӯшӣ намемонад. Номи онҳо на танҳо дар китобҳо, балки хоки онҳо дар батни Ватан ҷой гирифт. Барои насли ҷавон  ва муҳаққиқони ҷавон — ин рӯйдод як дастури зиндаи тарбиявӣ аст. Тантанаи маросими қабули хоки қаҳрамонон ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва муҳаббат ба кишварро ба таври воқеӣ боло мебарад. Он нишон медиҳад, ки ватандӯстӣ қимату арзиши абадӣ дорад. Ин рӯйдод барои таърихшиносон ва сиёсатшиносони муосири тоҷик уфуқҳои нави таҳқиқотиро мекушояд. Он зарурати омӯзиши амиқтари ҳуҷҷатҳои бойгонии марбут ба фаъолияти соҳаи маориф дар замони Нисор Муҳаммад ва муборизаҳои сиёсии  Нусратулло Махсуму Шоҳтемурро ба миён мегузорад.

Ба Ватан баргардонидани мушти хоки се қаҳрамонони тақдирсози миллати тоҷик — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад — яке аз саҳифаҳои дурахшон ва рамзии таърихи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин иқдом  хотираи миллии моро комил сохт.

Мазори рамзии ин бузургон дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, минбаъд ба як маркази муҳими маънавӣ, зиёратгоҳи аҳли илму адаб ва манбаи илҳоми ватандӯстӣ барои наслҳои оянда табдил хоҳад ёфт. Миллати тоҷик бо ин амали худ собит намуд, ки вай таърихи худро эҳтиром мекунад ва ба хотири хотираи қаҳрамонони худ, ба сӯи ояндаи дурахшон устувор қадам мезанад.

   Каримова Лутфия Мамадакимовна

ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ