БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ДОНИШКАДА

Имрӯз дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии факултети электромеханика ҷаласаи назоратии Раёсати Донишкада зери сарварии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова  Шаҳноза, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  Мирзозода Воҳид, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил додани барномаи таълимӣ, ҷалб намудани омӯзгорони забондон ва ҷаҳондида, омодагиҳо ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, навиштани асару мақолот дар боби ваҳдат ва ҳаммаромии миллати тоҷик, навиштани рисолаҳои илмӣ, таълифи адабиёти таълимӣ, гузаронидани пажӯҳишҳои илмӣ,  густариши ҳамкориҳо бо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷоннок намудани кори филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободкориву созандагӣ дар Донишкада, амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ, ободу зебо гардонидани ҳуҷраҳои корӣ, нашри солномаи Донишкада сухан ронда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, иҷрои стратегияҳои давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки мо бояд барои тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа масъулият ҳис намоем ва ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро дар рӯҳияи масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ, меҳандӯстиву садоқатмандӣ тарбия намоем, то онон барои рушди Ватани азизамон саҳми арзишманд гузоранд.
Ҳамзамон, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба корҳои созандагиву ободкорӣ, нақши ваҳдат ва сулҳу дӯстӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки ваҳдат барои миллати тоҷик неъмати гаронарзиш аст ва бунёдгузори ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мавсуф изҳор дошт, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдиливу ҳаммаромии миллати тоҷик нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург мебошад.
 Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Аминзода Мавлуда ва декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои созандагиву ободкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ намудани хонаи муаллимон, аз таъмири кулли баровардани синфхонаҳои кафедра  изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар фароварди ҷаласа декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷуразода Шуҳрат роботи навро, ки бо номи “сагчаи ҳушманд” маъруф аст, ба аъзои Раёсат муаррифӣ намуда, аз имкони он, тавонмандиҳои ин “сагчаи ҳушманд”, вазифаҳояш, ки ба тариқи зеҳни сунъӣ барномарезӣ гардидааст, қисса намуд. Таъкид карда шуд, ки ин “сагчаи ҳушманд” дорои 23 вазифа буда, бо ёрдами зеҳни сунъӣ имкони зиёд намудани вазифаҳояш маҷоли ҳаракаташ, вуҷуд дорад. Гуфта шуд, ки ин робот-“сагчаи ҳушманд” барои омӯзиши барномарезӣ, роботсозӣ ва ҳамзамон корбурди донишҷӯён дар санҷишҳои кӯтоҳмақсад истифода бурда мешавад. Сагчаи ҳушманд, сабт мекунад, навор мегирад, нусхаканӣ менамояд, роҳнамоӣ мекунад ва ҳамзамон образҳои ҳайвони вафодорро месозад. Ин сагчаи ҳушманд ҷиҳати тақвият ба кори омӯзишии донишҷӯён ва ҳамзамон ташаккули тафаккури техникии онон пешбинӣ шудааст. 
Иттилоъ дода шуд, ки ин робот-“сагчаи ҳушманд” аз фановариҳои насли чаҳорум маҳсуб ёфта, барои ихтисосҳои зеҳни сунъӣ муфид мебошад. 
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои мубрами таълим, таҷрибаомӯзӣ, хоҷагидорӣ, кори лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин барои тақвияти ҳамкорӣ, вусъат бахшидан ба ҷараёни супориш дода шуд.
Шуъбаи иттилоот