ТОҶИКИСТОН – МАРКАЗИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО РӮЙДОДИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 
Таърихи халқи тоҷик яке аз куҳантарин ва пурғановартарин таърихҳои тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад. Ин миллат дар тӯли асрҳо дар ташаккули илм, фалсафа, фарҳанг ва маърифати ҷаҳонӣ нақши хеле муҳим мебошад. Тоҷикон ҳамчун ворисони тамаддуни қадимӣ тавонистаанд арзишҳои илмӣ ва фарҳангиро то имрӯз нигоҳ доранд ва онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд. Дар давраи давлатдории Сомониён, ки онро бисёре аз муҳаққиқон “давраи тиллоии илм ва эҳё” меноманд, асосҳои рушди илмҳои табиӣ, тиббӣ ва гуманитарӣ гузошта шуданд. Дар ҳамин муҳит донишмандоне ба камол расиданд, ки номи онҳо имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо эҳтиром ёд мешавад. Аз ҷумла, шахсиятҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва махсусан Абӯалӣ ибни Сино миллати тоҷикро ба сатҳи баланди илмӣ ва фарҳангӣ муарифи месозанд. Мероси онҳо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми инсоният аҳамияти бузург дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давраи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ ворид гардид. Тоҷикистон дар ин давра тавонист худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабул гардидани як қатор ташаббусҳои муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, иқлим, рушди устувор ва рушди зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки кишвар дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мавқеи фаъол дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ тавонистааст масъалаи обро ҳамчун масъалаи ҷаҳонӣ ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид намояд, ки ин барои обрӯи сиёсии кишвар аҳамияти калон дорад.
Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин чеҳраҳои илмии таърихи башарият мебошад, ки саҳми ӯ дар рушди илми тиб ва фалсафа беназир аст. Абӯалӣ ибни Сино дар шароити хеле душвори таърихӣ тавонист системаи илмии ташхис ва табобатро таҳия намояд, ки баъдтар асоси рушди тибби муосир гардид. Асари машҳури ӯ “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар тӯли қариб ҳафт аср дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиббӣ истифода мешуд. Ин асар на танҳо донишҳои тиббиро ҷамъбаст кард, балки усулҳои нави илмии таҳқиқ, мушоҳида ва таҷрибаро ба тиб ворид намуд. Абӯалӣ ибни Сино ҳамчунин дар фалсафа, мантиқ, физика ва равоншиносӣ низ саҳми назаррас гузоштааст ва ӯро метавон яке аз асосгузорони илмҳои таҷрибавӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ номид.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм ва технология босуръат рушд мекунанд, пешниҳод гардидани Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино аҳамияти хеле калон дорад. Ин ҷоиза метавонад ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои қадрдонии беҳтарин олимон, муҳаққиқон ва ихтироъкорон хизмат кунад. Он метавонад олимонеро, ки дар соҳаҳои тиб, биотехнология, химия, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ саҳми муҳим мегузоранд, муттаҳид созад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷоизаҳои бонуфузи илмӣ ба рушди илм таъсири мустақим доранд, зеро онҳо рақобати солимро миёни олимон тақвият медиҳанд ва онҳоро ба дастовардҳои нав ҳавасманд мекунанд.
Дар ин замина, Ҷоизаи Нобел, ки аз соли 1901 таъсис ёфтааст, яке аз намунаҳои равшани таъсири ҷоизаҳои байналмилалӣ ба рушди илм мебошад. Ин ҷоиза ҳар сол ба олимон, нависандагон ва шахсиятҳои сулҳпарвар дода мешавад ва дар тӯли зиёда аз як аср ба пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст. Ба ҳамин монанд, ҷоизаҳои дигар, аз қабили ҷоизаҳои байналмилалии математика ва физика, нишон медиҳанд, ки қадрдонии дастовардҳои илмӣ яке аз омилҳои асосии рушди тамаддуни муосир мебошад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маркази нави илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон табдил диҳад. Ин иқдом на танҳо номи фарзанди барӯманди миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро ҷовидонӣ мегардонад, балки барои рушди дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, чунин ҷоиза метавонад ҷавонони ҷаҳонро ба омӯзиши илм, таҳқиқот ва навоварӣ ҳидоят намояд…
Хулоса, таърихи пурифтихор ва бою ғании миллати сарбаланди тоҷик, шуруъ аз саҳми бузурги Абӯалӣ ибни Сино ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам метавонад ба маркази ташаббусҳои ҷаҳонӣ табдил ёбад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино на танҳо як иқдоми илмӣ, балки як қадами стратегӣ дар роҳи баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Шуҳрат ҶУРАЗОДА
декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон