ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАР ОЛИМОН РӮҲИЯИ НАВ БАХШИД

Миллати сарбаланди тоҷик бар башарият чеҳраҳои тобони илму маърифатро эҳдои намудааст. Яке аз чунин нобиғаҳои ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бо осори гаронбаҳои худ дар соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт ва дигар илмҳо дар таърихи инсоният мақоми хос дорад. Мероси илмии ӯ на танҳо барои халқи тоҷик, балки барои тамоми насли башарият аҳамияти бузурги илмӣ дорад.
Баҳри арҷгузорӣ ба хизматҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино ва ташвиқи олимону муҳаққиқон ба дастовардҳои нав дар соҳаи тиб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро таъсис доданд, ки ин иқдом ҳамчун як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ гардида, метавонад барои рушди тибби муосир ва ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ саҳми назаррас гузорад.
Ёдрас мешавем, ки Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёна ба ҳисоб рафта, дар асри X ва аввали асри XI зиндагӣ карда, осори зиёди илмӣ аз худ ба ёдгор гузоштааст. Асари машҳуртарини ӯ – “Қонуни тиб” дар тӯли чандин аср ҳамчун дастури асосии омӯзиши тиб дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд.
Ибни Сино усулҳои ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳоро ба таври илмӣ таҳлил намуда, барои рушди тибби назариявӣ ва амалӣ заминаи устувор гузошт. Бисёр назарияҳо ва тавсияҳои ӯ то имрӯз аҳамияти илмии худро нигоҳ доштаанд. Аз ин рӯ, номи ӯ ҳамчун рамзи дониш, навоварӣ ва башардӯстӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Бо дарназардошти ҷойгоҳи баланди Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро ба миён гузоштанд. Ҳадафи асосии ин ҷоиза қадрдонӣ намудани олимон, муҳаққиқон ва мутахассисоне мебошад, ки дар рушди тиб, биотехнология, фармакология ва дигар самтҳои марбут ба ҳифзи саломатии инсон саҳми арзанда мегузоранд.
Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илм, таҳқиқоти тиббӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷоизаи мазкур метавонад олимони кишварҳои гуногунро барои анҷом додани таҳқиқоти нав ва пайдо намудани роҳҳои муассири мубориза бар зидди бемориҳои гуногун ҳавасманд намояд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад. Пеш аз ҳама, ин ҷоиза барои муаррифии бештари мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино дар сатҳи ҷаҳон мусоидат менамояд. Бисёр ҷавонон ва муҳаққиқон тавассути чунин ташаббус бо зиндагӣ ва осори ин донишманди бузург бештар ошно мегарданду аз донишҳои ӯ баҳраманд гардид.
Аз ҷониби дигар, ҷоиза метавонад ба рушди дипломатияи илмӣ мусоидат намояд. Имрӯз давлатҳо тавассути илм ва технология ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд. Ҷоизаи байналмилалӣ олимони кишварҳои гуногунро гирди ҳам оварда, барои мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ замина фароҳам меорад.Инчунин, ҷоиза метавонад обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун маркази фарҳанг ва илм боло барад. Зеро кишвари мо ватани шахсиятҳои бузурге чун Абӯалӣ ибни Сино буда, барои ҳифз ва тарғиби мероси онҳо тадбирҳои муҳим андешида шудааст.
Яке аз ҳадафҳои муҳими Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дастгирии дастовардҳои нав дар соҳаи тиб мебошад. Дар асри XXI инсоният бо мушкилоти гуногуни тандурустӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, бемориҳои саратонӣ, бемориҳои дилу раг ва дигар таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ аст. Ҳалли ин масъалаҳо таҳқиқоти ҷиддии илмиро талаб мекунад.
Ғайр аз ин, ҷоиза метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои тандурустӣ ва таҳқиқоти тиббӣ саҳми арзанда гузорад. Дар натиҷа ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмӣ ва тибии кишварҳои гуногун тақвият ёфта, имкониятҳои нав барои рушди илм ба вуҷуд меоянд.
Маврид бар таваҷҷуҳ аст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як иқдоми муҳим ва дурбинона мебошад. Ин ташаббус на танҳо ба гиромидошти хотираи донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино равона шудааст, балки барои рушди илм, таҳқиқоти тибӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ низ аҳамияти калон дорад.
Ҷоизаи мазкур метавонад барои пешрафти тибби ҷаҳонӣ, дастгирии олимони навовар, рушди дипломатияи илмӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқон саҳми назаррас гузорад. Аз ин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун як иқдоми арзишманд дар роҳи рушди илму маърифат ва ҳифзи саломатии инсон аҳамияти бузург дорад.
Ҳасанбой МАҲМУДОВ
декани факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон