МУҲИМИЯТИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ТИБИ ҶАҲОН

Мусаллам аст, ки номи фарзанди нобиғаи нотакрори миллат —Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳон ҳамчун яке аз бузургтарин донишмандон ва табибони асримиёнагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Осори илмии ӯ, махсусан китоби машҳури «Ал-Қонун фи-т-тиб», асрҳо ҳамчун дастури асосии тиббӣ дар кишварҳои Шарқ ва Ғарб истифода мешуд. Мероси илмии ин донишманди бузург имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст ва барои рушди илми тибби муосир таъсири амиқ мерасонад.
Ҷиҳати гиромидошти хизматҳои бузурги Абӯалӣ ибни Сино ва дастгирии олимону табибони барҷастаи ҷаҳон, пажӯҳишгарон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуд. Ин ҷоиза ҳамчун рамзи эҳтиром ба илму дониш ва пешрафти соҳаи тиб хизмат намуда, барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, кашфиётҳои бузург дар соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда мегузорад.
Бар хонандаи арҷманд маълум бод, ки Абӯалӣ ибни Сино дар асрҳои X–XI зиндагӣ карда, дар бисёр соҳаҳои илм, аз ҷумла тиб, фалсафа, математика, астрономия ва кимиё фаъолияти пурсамар намудааст. Ӯ зиёда аз 450 асар таълиф намудааст , ки қисми зиёди онҳо ба масъалаҳои тиббӣ бахшида шудаанд.
Китоби «Ал-Қонун фи-т-тиб» яке аз муҳимтарин асарҳои тиббӣ дар таърихи башарият ба шумор меравад. Дар ин асар масъалаҳои анатомия, бемориҳо, усулҳои табобат, дорусозӣ ва қоидаҳои нигоҳдории саломатӣ ба таври илмӣ шарҳ дода шудаанд. Ин китоб дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XVII ҳамчун китоби асосии тиб омӯзонида мешуд.
Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои пешгирии бемориҳо диққати махсус медод. Ӯ тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст, тозагӣ ва фаъолияти ҷисмониро омили муҳими нигоҳдории саломатӣ медонист. Ин андешаҳо имрӯз низ дар тибби муосир аҳамияти бузург доранд.
Зикр намудан лозим аст, ки Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои олимон, табибон ва муҳаққиқоне таъсис ёфтааст, ки дар рушди тиб ва ҳифзи саломатии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Ин ҷоиза рамзи эҳтиром ба мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино буда, ҳамзамон воситаи ҳавасмандгардонии муҳаққиқон барои кашфиётҳои нав ва пешбурди илми тиб мебошад.
Ҷоиза ба олимон ва мутахассисоне дода мешавад, ки дар соҳаҳои гуногуни тиб, аз ҷумла ҷарроҳӣ, фармакология, биотехнология, эпидемиология ва пешгирии бемориҳо дастовардҳои муҳим ба даст овардаанд. Ин гуна қадршиносӣ барои рушди илм ва таҳқиқоти тибӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамчунин, Ҷоизаи байналмилалӣ Абӯалӣ ибни Сино барои густариши ҳамкориҳои илмӣ байни кишварҳо ва миллатҳо мусоидат менамояд. Олимон ва табибони мамлакатҳои гуногун тавассути конфронсҳо ва форумҳои байналмилалӣ таҷрибаи худро мубодила намуда, роҳҳои нави табобат ва пешгирии бемориҳоро пешниҳод месозанд ва ба ҳамин зайл илми тибби ҷаҳонӣ рушд меёбад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар рушди тибби ҷаҳонӣ аз чанд ҷиҳат аҳамияти муҳим дорад:
1. Ҳавасмандгардонии олимон ва муҳаққиқон
Ҳар як ҷоизаи илмӣ барои олимон ҳамчун воситаи ҳавасмандкунӣ хизмат мекунад. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино муҳаққиқонро барои анҷом додани таҳқиқотҳои нав, кашфи доруҳои муассир ва рушди технологияҳои муосири тиббӣ ташвиқ менамояд. Олимон кӯшиш мекунанд, ки бо корҳои илмии худ дар ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ саҳм гузоранд.
2. Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ
Имрӯз бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, мушкилоти глобалӣ гардидаанд. Барои мубориза бо чунин бемориҳо ҳамкории байналмилалӣ зарур аст. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино имконият фароҳам меоварад, ки олимону табибон аз кишварҳои гуногун бо ҳам ҳамкорӣ намоянд ва таҷрибаи худро мубодила созанд.
3. Пешрафти технологияҳои тиббӣ
Бо дастгирии таҳқиқоти илмӣ технологияҳои нави тиббӣ ба вуҷуд меоянд. Имрӯз дар ҷаҳон усулҳои муосири ташхис ва табобат, аз ҷумла робототехника, зеҳни сунъӣ ва ҷарроҳии рақамӣ босуръат рушд доранд. Ҷоиза ба олимоне дода мешавад, ки дар татбиқи чунин технологияҳо саҳми назаррас доранд.
4. Баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти фарҳангӣ низ дорад. Он ҷаҳониёнро бо мероси бойи илми тоҷик шинос намуда, мақоми олимони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Ин омил барои бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон низ муҳим мебошад.
Дар фаровард ҳаминро бояд қайд созам, ки омӯзиши мероси Абӯалӣ ибни Сино ҷавононро ба арзишҳои инсондӯстӣ, донишандӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия мекунад. Зеро Ибни Сино тамоми умри худро ба омӯзиш ва хидмат ба инсоният бахшидааст.
Имрӯз, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси байналмилалӣ роҳандозӣ шуд, иқдоми бузургест ва имрӯз Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар рушди соҳаи тиби ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад. Он барои ҳавасмандгардонии олимон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди технологияҳои тиббӣ мусоидат менамояд ва ҳамзамон барои муаррифии мероси гаронбаҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад.
Мероси ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино феълан низ ҳамчун чароғи роҳнамои илм ва тиб хизмат мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба осори ӯ ва дастгирии олимони муосир метавонад барои пешрафти минбаъдаи тиб ва ҳифзи саломатии инсоният заминаи устувор фароҳам оварад. Ҷоизаи мазкур муваффақияти бузургест дар пешрафти илми тибби ҷаҳонӣ ва барои ҳалли муаммои илм василаи таъсиргузори байналмилалӣ мебошад.
Шукринисо РАҲИМЗОДА
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон