Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо профессори Донишгоҳи Луизинаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Меҳди Мухторӣ мулоқот намуда, бар ӯ ду ҷилд шоҳасари ҳаким Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва нишони 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҳамкорӣ бо олимони донишгоҳҳои хориҷӣ ҷиҳати тақвияти пажӯҳишҳои илмӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки дар самти омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ, гузаронидани таҷрибаҳои сифатнок ҳамкориҳо густариш дода шаванд.
Меҳдӣ Мухторӣ аз ҳамкорияш бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр намуд, ки минбаъд низ дар самти омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ, коркарди нафту газ бо олимони ДКМТ ҳамкорӣ менамояд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи дастури профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ даъвати олимон ва мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ба Донишкада сурат мегирад ва ин иқдом барои рушди тафаккури илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот

