ДАСТАИ ФУТБОЛЗОНИ ДОНИШКАДА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ БӮСТОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

Дирӯз, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳр аз ҷониби раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Нуруллозода Фирӯза қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин мусобиқот дастаи футболбозони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум гардиданд, ки бо  Сипоснома ва Ҷоизаи махсус қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои варзишии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз дастаҳои пешқадам ва фаъол буда, ба ҷуз дар шаҳр, боз дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ фаъолона ширкат намуда, ғолиб меоянд.