БАРГУЗОРИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ -ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КВД “ФУЛУЗОТИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН” КОРХОНАИ МОШИНСОЗӢ

Санаи 29.05.2026 тибқи фармоиши ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати алоқаманд намудани назария бо амалия, татбиқи ғояҳои илмӣ дар истеҳсолот ҳамзамон, баргузории таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоии донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси 360101-01 “технологияи мошинсозӣ” зери роҳбарии омӯзгори калони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Хӯҷамов Санъат аз КФ “Корхонаи мошинсозӣ” дар шаҳри Бӯстон
боздид намуданд.
Донишҷӯён зимни боздид ва шиносоӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз шуъбаи механикӣ дидан намуда дар алоҳидагӣ бо он дастгоҳ ва таҷҳизоти фаъолияткунандаи шуъбаи мазкур тарзи кори дастгоҳҳои технологӣ огоҳӣ пайдо намуданд.
Кормандони коргоҳи мазкур аз тарзи корбурд, истифодаи таҷҳизот, роҳҳои қолабсозӣ, истифода аз фулузот барои корҳои рехтагарӣ ба донишҷӯён гуфтанд.
Таъкид кардан зарур аст, ки баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ аз бахшҳои муҳими барномаи таълимӣ буда, барои донишҷӯён имкон фароҳам меоварад, то донишҳои хешро дар истеҳсолот мавриди санҷиш қарор бидиҳанд.
Ин амал дар Донишкада аз бахшҳои муҳим буда, дар ин самт як қатор созишномаҳо ҷиҳат ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ба тасвиб расонида шудааст.
Шуъбаи иттилоот