(навишта дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино)
Пешрафти ҷамъият аз нияту ҳадафҳои мақсаднок, барномаву нақшаҳои созанда сахт вобаста мебошад. Дар ин замина нақши инсони равшанфикр ва хирадманди ҷаҳонбин калидӣ мебошад. Инсонҳо гуногун мешаванд ва фақат инсонҳои равшанфикр, хирадманду оқил. Фозилу дурбин ва таъсиргузор дар илму маърифат номашон дар саҳифаи таърих сабт мегардад. Ва талошҳои инсон аз ба даст овардани илму дониш сарчашма мегирад.
Дониш бидуни заҳмат ба даст намеояд ва донишманд заҳмат мекашад, масъулият ҳис мекунад ва бори гаронеро бар дӯш мегирад, то миссияи инсонияшро бо кулвори донишу хирад иҷро созад.
Дар дарозои таърих нақши илму дониш дар рушду тараққиёти миллати тоҷик махсус таъкид карда шудаасту тоҷикон аз равшансозандагони чароғи маърифати башарӣ мебошанду барои ин гуфта далелу арқом ва асноди зиёде мавҷуд аст.
Ҳамеше, фарзандони миллати тоҷик бо илму дониш, фазлу хирад, шуҷоату мардонагӣ, далериву роҳкушоӣ дар тули таърихи башарӣ саҳми арзишманд ва волои хешро гузоштаанд, ки имрӯз бо ифтихор ёд овардан аз ин бузургон ва нухбагони таърихи тоҷик шараф аст!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қудрату тавонмандӣ ва бузургии миллати тоҷик, хислатҳои фарзандони ин миллат ва қарзи имрӯзиён чунин нақл ба қалам додаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихию фарҳангии халқи азизамон аст”.
Ҷомеаи моро имрӯз низ зарур аст, ки барои қувват бахшидани ҳофизаи таърихии хеш аз таъриху фарҳанг ва зиндагиномаи фарзонафарзандони ин миллат огаҳии комил дошта бошад ва шарафи бузурги ифтихору эҳтиромро соҳиб гардад. Зеро ифтихор намудан аз корномаи гузаштагон ба хотири сабақ гирифтан аз таърих ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва идома додани он роҳи бузурги миллӣ мебошад. Миллате, ки аз таърихаш сабақ намегирад, оқибат ба иллат мепичад мегӯянд, ки то ҷое ҳақиқати бебаҳ мебошад…
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвар давраи нави эҳёи миллат оғоз гардид, ва дар ин давра хидмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаротиб зиёдтар асту дар саргаҳи ин ҷараёни бузурги ватансозиву саодатофарӣ қарор доранд. Хидмати ин бузургмарди сиёсат ва сулҳхоҳи башар дар эҳё ва арҷгузорӣ бар арзишҳои миллӣ, давлатсозии миллати тоҷик дар ин давра бениҳоят бузург мебошад. Маҳз Сарвари хирадманди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки тоҷик дубора наҷот пайдо кард ва роҳи нави ҳаётро пеш гирифт. Ин давраи ҳассос аз ҷониби олимону равшанфикрон ва хирадмандону пажӯҳишгарон, шахсиятҳо ва аҳли зиё хеле ошкоро таҳқиқ гардидаву бо факту далел ба таври возеҳ ва равшан ба рӯи сафҳа оварда шудааст.
Профессор Саймумин Ятимов яке аз шахсиятҳои меҳандӯст ва олимони барҷастаи миллати тоҷик, яке аз фарзандони барӯманд ва содиқи миллат дар рисолаи “Эҳёи миллат-бақои давлат” даврони Эҳёи миллати тоҷикро бисёр ҳам олимона ва дақиқкорона ба риштаи таҳқиқ кашида аз равзанаи илм ва таҳлили амиқ нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар даврони Эҳё чунин нигоштаанд: “…аввалан, пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст. Дуюм, агар миллатҳои Аврупо фақат ба захираҳои маънавии Юнони Қадим ва Рими Қадим такя карда бошанд, миллати тоҷик дар ин маврид, боигарии нақди сиёсӣтаърихӣ ва тамаддунӣ бо сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониён дорад. Сеюм, бойтарин дастовардҳои фарҳангӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ, яъне ганҷина ва хамосаҳои саромадони адабиёт, илм ва фарҳанг – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва офаридаҳои ҷаҳоншумули даҳҳо нобиғагони дигари миллати тоҷик дар ихтиёри зиёиён, мутафаккирон, дастандаркорони соҳаи маънавиёти миллӣ қарор доранд…”.
Дар ҳақиқат, ин хидматҳо ва ин талошҳои Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даврони Эҳёи миллати тоҷик хеле чашмрас ва хидмати беназир ва корнамоии таърихӣ мебошад. Бо кӯшишу талоши Пешвои миллат дар кишвар як қатор корҳои созанда ва назаррасе барои барқарор намудани ҳорфизаи таърихии миллат сурат гирифт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дурахшон ва миллатро қаноатманду саодатманд ва шарафманд гардонид.
Дар ин авохир таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи нав ва ташаббуси дигаре аз Сарвари тоҷикон мебошад, ки барои рушди тибби ҷаҳонӣ ва беҳдошти башарият равона карда шудааст. Чунин иқдом бори дигар аз бузургиву шаҳомат, фарзонагиву башардӯстӣ ва эҳёгариву арҷгузории Пешвоми муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Таъсис додани чунин як ҷоизаи байналмилалӣ аз ҷониби Роҳбари хирадманди давлат дар соҳаи тибб ин саҳмгузории тоҷикон дар рушди тибби башарӣ ва сиҳҳатии омма бошад аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва падари тибби ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино мебошад.
Абӯали ибни Сино аз муҳаққиқони варзида, олими пешгом, сиёсатмадори адолатманд, хирадманди бесобиқа, файласуфи замон ва табиби беназиру асосгузори илми тибби башарӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик мебошад. Аз ин лиҳоз, ба номи ӯ гузошани ин ҷоиза фоли нек ва қадами бузург буда, дубора аз саҳми тоҷикон дар ташаккули илму маърифат дар рӯи Замин шаҳодат медиҳад. Фарзанди барӯманди тоҷик Абӯалӣ ибри Сино дар замони хеш ҳамчун ситораи тобони илму андеша муаррифӣ гардида, аз худ мероси зиёде боқӣ гузоштаасту нақши мондагон дар рушди илму фалсафаи ҷаҳонӣ дорад. Сино бо илму дониш ва хиради азаливу таҳқиқотҳои илмиаш, рисолаҳои офаридааш ҳанӯз дар замони хеш шуҳрати воло касб намудаву барои бисёре аз олимони ҷаҳонӣ ҳаққи устодӣ дораду роҳнамои илмӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и хеш дар мавриди Ибни Сино ва шуҳрати ҷаҳонгираш, арҷгузориву эҳтиромаш чунин баён доштаанд: “Бисёр олимону файласуфони аврупоӣ ва ҳакимону донишмандони Шарқ Ибни Синоро устоди хеш дониста, ба асарҳои тиббию фалсафиаш шарҳҳо навиштаанд, ки аз нуфузу эътибори ҷаҳонии ин шахсияти бузург гувоҳӣ медиҳад. Зиндагӣ ва осори Ибни Сино ин мактаби ҷасорат, тантанаи илму хирад, инсондӯстӣ ва худафрӯзӣ барои бахту саодати инсоният аст. Мо дар назди руҳи ин бузургвор имрӯз сари таъзим фуруд оварда, хотираи некашро бо таълиму таҳқиқоти тоза ва инкишофи афкори ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм зинда нигоҳ медорем…”
Дар ҳақиқат бузургон қудрати зиндаву ҷовид нигоҳ доштани бузургонро доранд ва ин нукта дар кору пайкор ва амалкарду гуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалан исботи худро ёфтааст. Қадршиносие, ки аз бузургони миллат аз ҷониби Президенти мамлакатамон сурат мегирад, беназир ва шоистаи таҳсину тавсиф ва сипосу суҷуд аст. Зеро маҳз ин абармарди арсаи сиёсат ва хираду давлатдорӣ, шахсияти миллатсозу ваҳдатофар, фарзонафарзанди башардӯсту наҷотбахш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҳрату шаҳомат ва мақому манзалат, обруву эътибори миллати тоҷикро дубора зинда кард ва пойи бадхоҳони миллати тоҷикро решакан сохту тоҷикро дубора ҷон бахшид.
Ба ҷуз илми тиб Абӯалӣ ибни Сино дар илмҳои мухталифи замон низ муваффақияти комил дошта, дар илми сиёсат ва ахлоқ низ барору омадҳои волои илмӣ доштааст ва дар ин самт низ комгор гардидаву андешаҳояш мавриди корбурд қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, Ибни Сино аз сиёсатмадорон ва давлатмардони замони хеш низ будааст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин зикр намудаанд: “Ибни Сино на танҳо олими тавоно, шоири мутафаккир, табиби ҳозиқ, балки сиёсатмадори барҷаста ва муҳаққиқи бузурги ахлоқ низ будааст. Ҳарчанд ки аз фаъолияти вазирии ӯ маълумоти хеле кам дастрас шудааст, вале як мавзуъ равшан аст, ки ӯ дар умури давлатдорӣ илму сиёсатро бо ҳам пайваста, барои ҷорӣ кардани низоми адлу инсоф кӯшидааст. Маҳз ба ҳамин сабаб ашхоси манфиатҷӯю золим ба нобуд кардани ӯ азм намуда, ин марди покраву покманишро дубор гирифтори ҳабс сохтаанд. Рисолаҳое, ки ӯ дар маҳбас таълиф кардааст, гувоҳи муборизаҳои бардавомаш барои тантанаи адолат ва хирад мебошанд. Андешаҳои пурҳикмати Ибни Сино дар бораи сиёсат, ахлоқ ва ташкилу тадбири оила як қисми муҳими осори ӯро ташкил дода, имрӯз низ қобили таваҷҷуҳ ва истифода мебошанд. Шайхурраис дар бораи тарбияи сиёсатмадорони нексиришт ва фозил, ки шаҳрдоронро ба корҳои хайр раҳнамоӣ кунанд, аҳли ҷомеаро саодатманд намоянд, хамдигарфаҳмиву муттафиқиро дар байни мардум густариш диҳанд, ақидаҳои солиму омӯзанда баён доштааст. Ӯ барои ноил шудан ба ин мақсад таълиму тарбияро дар оила, ки онро ҳавзаи хурди мулкдорӣ меҳисобад, вазифаи бағоят муҳими падару модар мешуморад.”
Дар ҳақиқат ҳикмати Ибни Сино, таҷрибаву формулаҳояш имрӯз низ аз ҷовидонӣ будани шахсияту хиради волои тоҷик дарак медиҳад. Абӯалӣ ибни Сино падари илми тибб аст ва дар ҷаҳони имрӯз аз ҷониби аҳли олам чунин шинохта мешавад!
Лозим ба ёдоварист, ки ҳеҷ миллате бар ҳадди тоҷик бар ҷаҳон фарзонагонро надодаасту дар илми башарӣ саҳм нагузоштааст. Тоҷикон аз қадим аз рӯзҳои нахустин фарҳангофарин ва тамаддунсозу ҳикматофар ёд мешаванд ва ин ҳақиқати бебаҳсро мо дар симои фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷоъ, сулҳдӯсту башардӯст бараъло мушоҳида менамоем. Мо, қудрат, тавонмандӣ, сулҳдӯстиву башардӯстӣ ва ваҳдатхоҳиву одамгарии миллати тоҷикро ҳоло дар симои Эмомалӣ Раҳмон фарзанди барӯманду эҳёгари миллати тоҷик мебинем. Мушоҳида мешавад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин тоҷикони сарбаланди олам аст, ки дар баробари кори сиёсӣ, иҷрои умури давлатдорӣ рисолати аҷдодиву азалии миллатро фаромӯш насохта барои муаррифиву маорифпарварӣ ва барқарорсозии сулҳу оромӣ дар башар ва ҳифзи сиҳатии ҷаҳониён талош менамояд ва силсила ташаббусҳои байналмилалии он кас гувоҳ бар ин гуфтаҳост.
Таъсиси ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино низ идомаи мантиқии сиёсати башардӯстонаву илмофаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои тамоми табибону олимони соҳаи тиб шароит фароҳам меоварад, то дар кашфиёти соҳа, ҳалли муаммоҳои сарбастаи илми тиб дар ҷаҳон ва наҷоти башар саҳми арзишманд гузоранд. Ҷоизаи мазкур барои ихтироъкорон ва навоварон, созандагони формулаҳои нави табобати тиббӣ, дорусозон пешбини шуда, баҳри волотарин хидмат дар соҳаи тиб эҳдо карда мешавад.
Агар ба таърих бингарем, корномаи Абӯалӣ ибни Сино махсусан асари машҳураш “Қонун” дар соҳаи тиб нақши бисёр ҳам беназир дораду то ба имрӯз аз ҷониби ҷаҳониён омӯхтаву мавриди корбарӣ қарор дорад ва ин китобро роҳнамои ҳар як табиб унвон мекунанду аз он истифода месозанд ва ба садҳо дард бо усули Сино даво мебахшанд ва акнун фарзанди дигари ин миллати бузургу тамаддунофар, Сарвари тоҷикони ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро таъсис доданд, то дар ҳалли муаммои печидаи илми тибб бо ҳамин васила мусоидат намоянду илми тибро рушд бахшанд ва ин хидмати бузургу корномаи ҷовидонаи таърихиву исботи башардӯстиву фарҳангофаринии миллати тоҷик мебошад! Ин корномаи бузург ва ин ташаббуси байналмилалӣ бори дигар аз қудрат, тавонмандӣ, ғамхориву башардӯстии миллати тоҷик бо Пешвояш дарак медиҳад. Яъне, тоҷик ҳамеша дар ҳалли муаммои ҷаҳонӣ мушкилкушо буду имрӯз низ бо шарофати бузургмарди арсаи сиёсат, шахсияти бузурги миллӣ ва давлатмарди байналмилалӣ, орифи бузург ва сулҳофари ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амррро иҷро месозад.
Бояд таъкид намуд, ки бо ин ташаббуси бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи тоҷикон дубора зинда карда шуд ва ситораи маърифат аз нав дурахшид, ки ин ифтихори бузург ва шарафи олӣ мебошад.
Таъкид намудан зарур аст, ки бо таъсиси ин ҷоизаи байналмилалӣ ва ҳалли масоили тибби ҷаҳонӣ наҷотбахши миллат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон наҷотбахши башар номид, чунки ин иқдом барои ҳалли муаммои мавҷудаи тиббӣ дар арсаи байналмилал роҳандозӣ шудаасту номи тоҷик ин ҷо танинандоз мебошаду аз тоҷику ҳиммати тоҷик ёдоварӣ мешавад, ки ин боиси ифтихор ва нусрати тоҷик мебошад. Зеро ин сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷик ҷону тан мебахшад, имону имкон мебахшад. Дар пайи ин иқдом моро ифтихор мебояду ифтихор!
М. Саидов
сардори шуъбаи иттилооти ДКМТ
