Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили адабӣ ба хотири гиромидошти шоири шаҳири тоҷик, ҳазрати Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Тоҷикистон мазҳари ман” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дидгоҳи ватандӯстонаву инсонсозӣ Лоиқ Шералӣ, нақши шеъри ӯ дар тарбияи насли ҷавон суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар маҳфил декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо дар мавзуи “Осори ватандӯстонаву хештаншиносии Лоиқ Шералӣ ва ташаккули мактаби нави эҷодӣ”, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зуҳрохон дар мавзуи “Модарномаи Лоиқ Шералӣ ва нақши он дар тарбияи насли ҷавон”, омӯзгори ҳамин кафедра Каримова дар мавзуи “Лоиқ Шералӣ ва жанрҳои адабӣ” маъруза намуданд.
Сипас, дар чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори ватандӯстонаи ҳазрати Лоиқ қироат намуданд.
Таъкид карда шуд, осори ватандӯстонаи Лоиқ Шералӣ метавонад, чаҳоркитоби меҳандӯстони ҷавон бошад.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот






