БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДИ ОЗМОИШГОҲИ НАВИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ

Ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири куллӣ ва ҳамзамон бунёди озмоишгоҳи нав ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика боздид ба амал овард.
Зимни боздид профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъсис додани озмоишгоҳ, анҷом додани корҳои таҷдиду азнавсозии синфхонаҳо дастуру машварат дод.
Қайд карда шуд, ки таъсиси озмоишгоҳи нав барои донишҷӯён барои ба даст овардани донишҳои нави соҳавӣ боз ҳам имконияти бештар фароҳам меоварад.
Ёдрас мешавем, ки Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа аз олимони ҷавон ва мудирони серталош буда, барои рушди илм ва тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони ҷавон саҳми арзишманд гузоштааст.
Шуъбаи иттилоот