Дар қисмати дуюми конфроси илмӣ-амалии байналмилалӣ як қатор кормандону омӯзгорон, роҳбарият бо медалу ифтихорномаҳо ва унвонҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла муовини аввали ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат бо медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Медали ҷашниро ба дотсент Давлатзода Давлат муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Исоҷон тақдим намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада устод Давлатзода Давлатро ба ин дастоварди баланд, медали соҳавӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои волои илмиву пажӯҳишӣ пирӯзӣ таманно менамояд. Устод давлатзода Давлат аз пайравони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз олимони ҷавон, маорифпарвари асил ва ҷавони серталошу сарпурда буда, барои рушди саноат ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон корҳои мондагореро анҷом додааст.
Давлатзода Давлат ҳамчун муовини аввали ректор содиқона фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён нақши муҳим ва созанда гузоштааст.
Бори дигар қадршиносии баланд, дастоварди беназир -медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод, устоди арҷманд Давлатзода Давлат!
Шуъбаи иттилоот
