Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Шомаҳмадов Саидмаҳмад сокини шаҳри Панҷакентро ба ҳузур пазируфт.
Ректори донишкадаро дар қабули шаҳрвандон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором ва сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижахон ҳамроҳӣ намуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрвандро пурсида, ба масъулин дастур дод, ки пас аз баррасӣ ба шаҳрванд ба тариқи хаттӣ посух бидиҳанд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз доштанд, ки мо бояд ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро бо дарки масъулият ва амри виҷдон баррасӣ намуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда посух бидиҳем.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон баргузор гардида, шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабт дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот

