СЕМИНАРИ ИЛМӢ -АМАЛӢ ДАР ДОНИШКАДА: ТАҲЛИЛ ВА ОМӮЗИШИ ОБҲОИ БАДАХШОН

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ -амалӣ таҳти унвони “Таҳлил ва омӯзиши обҳои шифобахши Бадахшон” бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар профессорону омӯзгорон баргузор гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар ва маърузакунандагон суханронӣ намуд.
Сипас, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзуи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори дипломатияи об” маъруза намуда, роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалли буҳрони об дар сайёра, башардӯстии Сарвари хирадманди давлат гуфта гузашт.
Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи норасидани оби тоза дар миқёси ҷаҳон дар минбари СММ ба таври ҷиддӣ масъалагузорӣ карда шуд…
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза омӯзгори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ Ғуломҳайдарова Хурмо дар мавзуи “Таҳлил ва омӯзиши обҳои шифобахши Бадахшон”, мудири кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҳоҷибоев Далер дар мавзуи “Низоми индексҳои иқтибоси илмӣ”, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии ҳамин факултет Ҳаитова Фирӯза дар мавзуи “Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳои амалӣ” маъруза намуданд.
Дар семинар ҳамзамон, баҳсу баррасиҳо атрофи мавзуот сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкада баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот