БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ ЗЕРИ САРВАРИИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ

Ҷаласаи назоратии раёсати Донишкада, зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рӯзномаи маҷлис, масъалаҳои баррасишаванда, минҷумла омодагӣ ба 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, назорати ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯёну хатмкунандагон, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, навишани рисолаву китобҳои соҳавӣ, нашри мақолаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯён ба лоиҳаҳо, ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии байналмилалӣ, тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳандӯстӣ, гузаронидани семинар-машваратҳои соҳавӣ, баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони ҷавон,  саҳм гузоштан дар рушди ватани азизамон, ширкат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мутолиа асарҳои Пешвои муаззами миллат, иҷроиши стратегияҳо ва нақша-чорабиниҳои корӣ суханронӣ намуд.
Мавсуф, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ғамхории махсус зоҳир менамоянд ва ҳамаи моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бояд содиқона хидмат намоем, насли ҷавонро тарбия кунем ва мутахассисони масъулиятшиносу варзидаро омода созем. Имрӯз, соҳаи саноати кишвар ба мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳониии меҳнат ниёз дорад ва вазифаи мо ин пеш аз ҳама таъмин намудани соҳа бо мутахассисони меҳнатдӯсту ватандӯст ва донишманд мебошад.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин, роҷеъ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, табодули таҷриба бо шарикони хориҷӣ, тақвияти ҳамкориҳо ҳамтоёни хориҷӣ, риояи интизоми меҳнат, зиёд намудани корҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо марказҳои пажуҳишии байналмилалӣ суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Таъкид карда шуд, ки пешрафти ҳар як донишҷӯ, ҳар як хатмкунанда аз муносибату заҳмати содиқонаи мо омӯзгорон вобаста аст ва моро зарур меояд, ки ба донишҷӯ ҳамчун фарзанди худ ғамхорӣ намоем ва барояш илм бидиҳем, ба роҳи дуруст ҳидоят созем.
Гуфта шуд, ояндаи кишвар, ояндаи соҳаи саноат аз муносибат ва кори имрӯзаи мо сахт вобаста мебошад.
 
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов