Бояд қайд намоем, ки Ватан ин калимаи муқаддасест, ки дар худ маънои модар, замин, таърих, фарҳанг ва ҳастии миллатро таҷассум мекунад. Ҳар як инсон аз лаҳзаи ба дунё омаданаш то поёни умр бо Ватанаш пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки муҳаббат ба Ватан дар қалби ҳар як шахс ҳамчун ҳисси фитрӣ ҷой гирифтааст. Хидмат ба Ватан на танҳо вазифа, балки шарафи бузургест, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд онро бо сарбаландӣ иҷро намояд.
Бояд таъкид сохт, ки аввал, Ватан барои инсон мисли модар азиз аст. Чӣ тавре ки инсон модарашро дӯст медорад ва ҳифз мекунад, ҳамон гуна бояд Ватани худро низ эҳтиром ва муҳофизат намояд. Зеро маҳз дар ҳамин сарзамин инсон ба дунё меояд, ба воя мерасад, дониш меомӯзад ва ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. Ҳар як пораи замини Ватан таърихи худро дорад, ки бо хуни гузаштагон обутоб ёфтааст. Аз ин рӯ, хизмат ба Ватан идомаи роҳи пуршарафи аҷдодон мебошад.
Дуюм, хизмат ба Ватан шаклҳои гуногун дорад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки хизмат танҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Албатта, ҳимояи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муқаддастарин мебошад. Сарбозон ва афсароне, ки шабу рӯз оромии кишварро ҳифз мекунанд, намунаи олии ватандӯстӣ мебошанд. Аммо хизмат танҳо ба ин маҳдуд намешавад. Омӯзгоре, ки ба шогирдон дониш медиҳад, табибе, ки ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад, муҳандисе, ки иншооти муҳим месозад, деҳқоне, ки заминро обод мекунад — ҳамаи онҳо ба Ватан хизмат мекунанд.
Сеюм, ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи маърифат, ахлоқ ва ватандӯстии ҷавонони он вобаста аст. Агар ҷавонон бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан тарбия ёбанд, кишвар ба пешрафти бузург мерасад.
Аз ин лиҳоз, тарбияи ватандӯстӣ дар оила, мактаб ва ҷомеа аҳамияти калон дорад. Падару модар бояд фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърих ба воя расонанд.
Чаҳорум, таърих нишон медиҳад, ки миллатҳое, ки фарзандони содиқ ва ватандӯст доранд, ҳамеша устувор мемонанд. Дар давраҳои гуногун мардони шуҷоъ барои ҳифзи Ватан ҷоннисорӣ кардаанд. Онҳо барои наслҳои оянда намунаи ибрат мебошанд. Агар мо имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунем, ин натиҷаи заҳмат ва ҷонфидоии гузаштагон аст. Пас, вазифаи мо аст, ки ин сулҳу суботро ҳифз намуда, барои пешрафти кишвар саҳм гузорем.
Панҷум, хизмат ба Ватан маънои риояи қонунҳо ва эҳтироми тартиботро низ дорад. Шахсе, ки қонунро эҳтиром мекунад, андоз месупорад, муҳити зистро муҳофизат мекунад ва дар ҷомеа рафтори намунавӣ дорад, дар асл ба Ватан хизмат мекунад. Ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест, балки дар амал зоҳир мегардад. Ҳар як кори нек, ҳар як иқдоми созанда, метавонад ба рушди кишвар мусоидат намояд.
Шашум, илму дониш яке аз воситаҳои муҳими хизмат ба Ватан мебошад. Дар ҷаҳони муосир давлатҳое пешсафанд, ки дорои мутахассисони баландихтисос мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, технология ва забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Бо истифода аз донишҳои худ онҳо метавонанд иқтисоди кишварро рушд диҳанд, ихтироъҳо кунанд ва обрӯи Ватанро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Ҳафтум, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ низ як навъи хизмат ба Ватан аст. Забон, расму оин, анъанаҳо ва санъати миллӣ рамзи ҳастии миллат мебошанд. Агар мо онҳоро ҳифз накунем, шахсияти миллии худро аз даст медиҳем. Ба ҳамин далел, ҳар як шахс бояд барои нигоҳдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ саҳм гузорад.
Ҳаштум, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад. Ватандӯстӣ маънои эҳтиром ба ҳамдигар, новобаста аз миллат, дин ва ақида дорад. Вақте ки мардум муттаҳид аст, кишвар рушд мекунад. Ихтилоф ва низоъҳо баръакс, ба пешрафт монеа мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ кӯшиш намояд.
Нуҳум, хизмат ба Ватан ҳамеша бо масъулият ва фидокорӣ алоқаманд аст. Баъзан барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ лозим меояд, ки инсон аз манфиатҳои шахсии худ гузарад. Ин нишонаи мардонагӣ ва садоқат мебошад. Шахсе, ки барои Ватанаш омода аст заҳмат кашад ва ҳатто ҷон фидо кунад, дар ҳақиқат марди ҳақиқист.
Дар охир, бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ва қарзи муқаддаси ҳар як инсон аст. Ҳар яки мо бояд кӯшиш кунем, ки бо амалҳои нек, меҳнати ҳалол ва рафтори намунавӣ саҳми худро дар ободии Ватан гузорем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем худро фарзанди ҳақиқии Ватан номем.
Ватан сарвати бебаҳоест, ки онро бояд дӯст дошт, ҳифз кард ва обод намуд. Хидмат бар Ватан шарафи мардист, зеро маҳз ҳамин хизмат инсонро ба мартабаи баланд мебардорад ва ӯро дар назди ҷомеа ва таърих сарбаланд мегардонад. Барои насли ҷавон хидмат бар Ватан аз иҷрои қарзи шаҳрвандӣ —Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад ва бояд ин қарзро иҷро намуду содиқона барои меҳан хидмат намуд.
ОРИЁПУШТ ЗАРДУШТМЕҲР
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
