Ҷаҳони муосир бо рушди босуръати илму техника ҳарчанд пешрафт дорад, лек боз ҳаст муаамову таҳдидҳое, ки барои оромиву осудагӣ ва пешрафти ҷомеа халал мерасонад. Таҳдидҳои амниятӣ дар саросари ҷаҳон афзудааст ва ин барои рушди инсоният монеаи бузург мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар ин бора чунин гуфта буданд : «Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад».
Дар ҳақиқат барои рафъи ин масъала ва мубориза бо гурӯҳҳои тундрави террористӣ, ифротгароӣ, кибертеррористон моро зарур аст, ки аз роҳу усулҳои нави мубориза истифода барем. Чунки агар ҳоло муқовимат бо гурӯҳу созмонҳои душмани башар сурат нагирад, фардо дер хоҳад шуд.
Дар асри XXI инсоният бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ гардидааст, ки яке аз хатарноктарини онҳо терроризм ва экстремизм ба ҳисоб мераванд. Ин падидаҳо сарҳадро намешиносанд ва метавонанд дар ҳар ҷомеа, новобаста аз сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуногунии фарҳангӣ зуҳур намоянд. Терроризм ва экстремизм на танҳо ҷони инсонҳоро зери хатар мегузорад, балки ба арзишҳои асосии ҷомеа, аз қабили сулҳ, амният, адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ зарбаи ҷиддӣ мерасонад. Хатарноктарин падида ин созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо бар ҷамъият зарари бисёр ҳам калон дорад. Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм чунин изҳори назар дода буданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Дарвоқеъ, ин падидаҳои номатлуб имрӯз ҳаёти башариятро зери хатар гузошта, ҷамъиятро ба ноумедиву пароканда мебарад, ки бисёр ҳам хатарнок мебошад ва бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва зиддибашарӣ ба таври васеъ ва дастаҷамъӣ мубориза бурд.
Дар ин замина, омӯзиши илмии омилҳои пайдоиш ва роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Махсусан, дар шароити муосир нақши тарбия, маориф ва маърифати шаҳрвандӣ дар пешгирии ифротгароӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз маърифати баланд, дониши амиқ инсонро аз ин гуна зуҳурот наҷот медиҳад. Чунки исони солим ва донишманд ба ин роҳҳои манфӣ қадам намегузорад.
Фаъолияти террористӣ ҳамчун амали зӯроваронае тавсиф мешавад, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ анҷом дода мешавад. Он одатан бо тарсонидани аҳолӣ ва халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ бештар ба чашм мерасад. Роҳбари хирадманди давлат бисёр ҳам саривақтӣ ва хирадмандона гуфта буданд, ки “терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад! Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Экстремизм бошад, маҷмӯи ақидаҳо ва амалҳое мебошад, ки бар радикализм, таҳаммулнопазирӣ ва инкори арзишҳои умумии иҷтимоӣ асос ёфтааст. Экстремизм аксаран заминаи идеологии терроризмро ташкил медиҳад. Яъне, пеш аз анҷом ёфтани амалҳои зӯроварона, ғояҳои ифротгароёна дар шуури инсон шакл мегиранд. Аз ин рӯ, мубориза бо экстремизм пеш аз ҳама мубориза барои ҳифзи тафаккури солим ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ мебошад.
Сабабҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии пайдоиши терроризм ва экстремизмро метавон гуногун арзёбӣ намуд, зеро аз омилҳои мухталиф вобаста мебошад.Пайдоиш ва густариши терроризм ва экстремизм бо як қатор омилҳо вобастагӣ дорад. Минҷумла, омилҳои иҷтимоӣ: паст будани сатҳи маърифат, набудани донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таъсири муҳити носолими иҷтимоӣ метавонанд шахсро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб намоянд.
Омилҳои иқтисодӣ: камбизоатӣ, бекорӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ баъзан боиси ноумедӣ ва норозигии шаҳрвандон мегардад. Ин ҳолат метавонад аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ сӯистифода шавад. Омилҳои фарҳангӣ ва маънавӣ: фаҳмиши нодурусти арзишҳои динӣ ё фарҳангӣ, ҳамчунин дур мондан аз фарҳанги миллӣ, надонистани арзишҳои миллӣ, огоҳ набудан аз таърихи худ метавонад заминаи ифротгароиро фароҳам оварад. Омилҳои иттилоотӣ: паҳншавии таблиғоти радикалӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм ба ҷомеа таъсири амиқи манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла:вайрон гардидани амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ;паҳн шудани тарсу ҳарос ва ноустувории равонӣ дар байни ҷомеа;коста гардидани эътимод ба ниҳодҳои иҷтимоӣ;суст шудани рушди иқтисодӣ ва коҳиши сармоягузорӣ;вайрон шудани муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳамзистии осоишта байни гурӯҳҳои гуногун.Илова бар ин, таъсири манфии ин падидаҳо метавонад ба наслҳои оянда низ расад, зеро муҳити ноором рушди маънавӣ ва зеҳнии ҷомеаро маҳдуд месозад. Ҷаҳонбинии маҳдуд ва мафкураи ба вуҷуд меоварад. Эътимодро аз байн мебаранд.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки нақши соҳаи маориф ва тарбияи дурусти инсонӣ дар мубориза бо падидаҳои манфури терроризм ва экстремизм бисёр бузург мебошад. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавонад ҷавононро аз роҳҳои ифротгароӣ дур созад. Оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа бояд дар якҷоягӣ барои тарбияи насли масъулиятшинос ва огоҳу поквиҷдон саҳм гузоранд. Тарбия дуруст метавонад, насли наврасро аз тамоми зишкориҳо боз дорад ва ба роҳи дуруст роҳнамоӣ созад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созмону ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва иттиҳодияҳои террористӣ-экстремитсӣ тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ карда шудааст, ки барои шинохти ҷомеа хеле муфид мебошад. Сомона ва мутолиаву паҳни адабиёти аз ҷониби чунин гурӯҳҳои ифротӣ ба нашр расонида шуда низ манъ аст. Дар ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:“Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
Сомонаҳои ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ баста шуданд ва воридоти адабиёти онҳо манъ аст:
- Ҳизби Наҳзати Исломӣ;
Ташкилоти «Ал-Қоида»;
3. Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ;
4. Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон);
5. Ҳаракати «Толибон»;
6. Ташкилоти «Бародарони Мусулмон»;
7. Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба»;
8. Гурӯҳи исломӣ (Ҷаъмият-е-Ислам-и Покистон);
9. Ҷамъият-е-Таблиғ;
10. Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот»;
11. Тоҷикистони Озод;
12. Ҳизби Таҳрир;
13. «Ҳизб-ут-таҳрир»;
14. Равияи динии «Салафия»;
15. Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»;
16. Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24»;
17. Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом);
18. «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра);
19. «Паймони миллии Тоҷикистон»;
20. Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ);
21. Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ);
22. Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ);
23. Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамейн, Дом двух святых);
24. Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург);
25. Ҷиҳоди Исломӣ-«Ҷамоати муҷоҳиддин»;
26. Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво»;
27. Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News);
28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон»;
29. Ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2».
Терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи муосир муборизаи ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Пешгирии ин зуҳурот танҳо бо роҳи истифодаи зӯрӣ имконнопазир нест, балки зарур аст, ки ба тарбия, маърифат ва рушди тафаккури солим диққати махсус дода шавад. Танҳо дар сурати ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як фард метавон ҷомеаи амну устувор ва дорои ояндаи дурахшонро бунёд намуд. Ва бар ҳама гуна зуҳуроти бадӣ, ташкилотҳои бадхоҳу зиддибашарӣ ғолиб омад. Зеро мақсади инсон зиндагии осоишта, ором ва босаодат буда, расидан ба орзуҳои некро муваффақият ва бурди ҳаёт меҳисобад.
Террористон мақсадҳои нопок доранд ва ин шабу рӯз хатари авҷ гирифтани таҳдидҳо зиёд мушоҳида мешавад. Ҳамон гуна, ки дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМИТ “Ховар” омадааст, санаи 23 декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд”…
Тавре маълум аст, мутаасифона ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд, ки ин амал нобахшиданист. Ин ду нафар афсарон зимни дифоъ аз манофеи миллӣ ва ҳифзи марзи мамлакатамон ҷон додаанд, ки ин қаҳрамонӣ мебошад. Ёди неки ин афсарон гиромӣ бод!
Вале ин ҳолат хеле нигаронкунанда буда, нишондиҳандаи он аст, ки дар кишвари ҳамсоя ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ фаъолияти озод доранду нақшаҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ва моро зарӯр аст, ки барои пешгирӣ намудан аз чунин ҳамлаи душманон, нест намудани қадами номубораки террористон аз марзи муқаддаси сарзаминамон ба таври ҳамешагӣ муқовимат намоем. Чунки муқовимат бурдан бар зидди гурӯҳу созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ин рисолати баланди инсонӣ ва вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, баҳри ваҳдату ҳамдилӣ ва амонии кишвар мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, моро зарур меояд, ки ба ҷомеа махсусан насли ҷавон моҳияти фаъолияти созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистиро шарҳу тавзеҳ бидиҳем, мақсаду ҳадафҳои нопоки ононро шарҳ дода, насли ҷавонро аз чунин зуҳуроти номатлуб ва таҳдидҳои амниятӣ огоҳ бигардонем. Бояд насли наврас ва ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намоему барои хидмат бар давлату миллат омода созем, то онон тавонанд мустақилона аз ин марзу бум аз ин сарзамини ободу зебо дифоъ намоян.
Дифоъ аз Ватан ва хоки муқаддаси он шарафи бузурги мардонагист!
Бахтиёр Маҳмадалӣ
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
