ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТ ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

Оғози ҳама гуна хушбахтии миллат аз мустақилият ва озодӣ сарчашма мегирад, миллате, ки давлати мустақил ва соҳибистиқлол дорад, миллати хушбахт ва саодатманд мебошад. Миллати тоҷик дар дарозои таърих ҷабру зулм ва шикасту рехти зиёд дидааст ва аз ин ҳам хаста нашуда, боз барои доштани давлати миллӣ мубориза намудааст ва дар ин ҷоннисориҳо кардааст. Мардонагиву шуҷоатмандӣ аз худ нишон додааст, то ба истиқлоли комил даст ёбад. Ва ниҳоят ба ин орзуи хеш расидааст. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик ин сарчашмаи хештаншиносӣ ва худсозиву пешрафт ва ҳифзи арзишҳои милливу дифоъ аз таърихи пурғановати миллат мебошад.

Мусаллам аст, ки ҳамасола 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва ин санаи фархундаву муборак, санаи ҳумоюнӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Зеро маҳз ҳамин рӯз барои рушду тарақиёт ва пешрафти миллати тоҷик, сохтани давлати миллӣ асос гузошт. Истиқлолият ин сари баланди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва оғози ибтикороти миллӣ мебошад. Таҷлил аз Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ин таҷлил ва истиқбол аз рӯзи саодату хушнудӣ ва бахти баланду оғози бунёдкориҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Рӯзи истиқлолият чунин андешаронӣ намудаанд:«Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад».

Воқеан ҳам бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохт пайдо кард ва имрӯз аъзои созмони бонуфузи СММ асту бо зиёда аз 198 давлат робитаи дипломатӣ барқарор намудаасту бо зиёда аз 146 давлат робитаи тиҷоратӣ дорад, ки ин ҳам самараи истиқлолият ва натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамагон хуб медонем, ки дар оғози ба даст овардани истиқлолият барои миллати тоҷик мушкилоте зиёде пеш омад, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, балое буд, ки анқариб давлати тоҷиконро ба нобудӣ барад ва маҳз мардонагиву шуҷоатмандӣ, ҷоннисориву талошҳо, хиради баланди сиёсии фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистони тоза истиқлол касб намуда, аз нобудиву ҷаҳолат раҳонида шавад. Хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳ, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди устувори Тоҷикистон басо бузург мебошад. Зеро маҳз талошҳову кӯшишҳои ин абармарди арсаи сиёсат сабаб гашт, то Тоҷикистон кулли ҷаҳон шиносад ва истиқлолияташро эътироф намояд. Эътирофи истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил ва миллати дорои фарҳанги бою ғанӣ худро муаррифӣ созаду аз ҷониби дигар аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дифоъ созад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷамеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Воқеан ҳам истиқлолият имкон дод, то Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин фурсат рушд намояд ва формулаи иқтисоди миллияшро созад. Феълан дар кишвари азизамон Тоҷикистон имконияти бисёр ҳам ва шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст, то сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ баланд гардад. Зиндагии мардум аз солҳои қабл хеле дар тафовут буда, пешрафт ва муваффақияти ҷомеа дида мешавад, ки ин ҳама самараи истиқлол ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Талошу кӯшишҳои Роҳбари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, то Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушд қадам ниҳад ва барои шаҳрвандонаш беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созад.

Талошу кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро барои сулҳу ваҳдат, саодати халқу миллат Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мушоҳида намуда, чунин гуфта буд: «Тоҷикони шуҷоъ ва заҳматкаш, боистеъдод ва меҳмоннавоз мустаҳақи ифтихор аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмонов мебошанд.

Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин инсон, бори дигар таъкид мекунам, кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред. Мо ҳама – дар  ИДМ — ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем. Зеро сулҳ ва оромӣ дар ин замин — ин сулҳу оромӣ дар Беларус, дар Россия ва дар дигар давлатҳо мебошад».

Аз бар меояд, ки формулаи махсус, дипломатияи комилан ҷадид, сиёсати комилан миллӣ ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили рушди босубот ва пешрафти Тоҷикистону саодати ҳамешагии миллат мебошад. Зеро Сарвари хирадманди кишвар тавонистанд, ки тоҷиконро бо тамоми хислату характери миллӣ ва дастовардҳои таърихӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд ва ин хидмати бузург ва ҷоннисории бемислу монанд мебошад, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи роҳи саодати миллати тоҷик намуданд. Ва хушбахтона миллат имрӯз саодатманду давлат ободу пешрафта мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки ёдоварӣ аз хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба хотири қадршиносӣ аз наҷотбахши давлату миллат мебошад. Зеро агар ин абармарди арсаи сиёсат намебуд, шояд миллати тоҷик шаҳди истиқлолро намечашид ва варта ба нестӣ мерасид. Маҳз талошу кӯшиш ва сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, то Тоҷикистон имрӯз ба як нигини пурҷилои Осиё мубаддар гардад. Аз ҳама муҳимаш Тоҷикистон эътибори ҷаҳонӣ касб намуд ва чандин ташаббусҳои Роҳбари давлат дар СММ пазируфта шуд, ки гувоҳи мавҷудияти қавии сиёсии Тоҷикистон дар минтақа мебошад…

Андар боби истиқлолият ва шинохту фаҳми он адиби замони истиқлол Аҳлиддин Ҳисорӣ чунин нигоштааст:

Чун ҳамапурсӣ, ки истиқлол чист?

Гӯямат: – медонӣ ин иқбол чист!

Бахти воло ҳасту толеъи баланд,

Орзуи рафтагон, эй арҷманд.

Балки истиқлол ин озодӣ аст,

Пурдиливу хуррамиву шодӣ аст.

Дар фазо озод болу пар задан,

Дар замин тоҷи за(р)рин бар сар задан.

Сарбаландиву ғуруру Ифтихор,

Дар миёни халқи олам эътибор!

Бале, истиқлол ин неъмати бузург ва дастоварди беҳтарин мебошад ва мо насли ҷавонро зарур аст, ки аз қаҳрамониҳои фарзонафарзандони миллат бигӯем ва роҳсозони истиқлолу давлати миллиро фаромӯш накунем. Бояд, барои пешрафти Тоҷикистон ва ободиву осудагии он кӯшиш кунем ва арзишҳои миллиро ҳифз намоему ба қадри истиқлол ин неъмати бебаҳо бирасем. Зеро дар дунё ҳастанд, халқиятҳое, ки на давлат доранду на орзуи истиқлол карда метавонанд.

Истиқлолият давлатӣ ин роҳи шукуфтанҳо ва сохатни ояндаи заррин мебошад!

Мирзозода Воҳидҷон

муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон