Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,
Зи ҳарчи ранги тааллуқ пазирад озод аст.
Ҳофизи ШЕРОЗӢ
Хушбахтона, имрӯзҳо дар кишвари азизи мо ҳар соҳибватан бо қалби моломоли шаъну шукӯҳу меҳр ва бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашни истиқлолияти давлатӣ гарму самимӣ истиқбол мегирад. Истиқлоли мо, инак баҳори 34-уми умри худро дар кишваре, ки мардуми он аз дирӯз то имрӯз сулҳпарвару озодипараст ва истиқлолхоҳ буданду ҳастанд, таҷлил мекунад. Ин 34 сол, ки дар назди таърих муддати зиёде нест, лек дар ин муддат, мардуми сарзамини биҳиштии мо ба дарки амиқи фалсафаи шинохти зарфиятҳои истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш расиданд. Дарёфтанд, ки неъмате нодиртар ва қимматтар аз Истиқлол вуҷуд надорад ва ҳарки дар талаби зиндагии орому осуда аст, рӯзгори шоистаро таҷриба кардан мехоҳад, иқболи худро дар озодагӣ мебинад, ватанро-хоки бобоиро азиз медонад…, бояд ба Истиқлоли давлатӣ арҷ гузорад ва дар ҳифзи он бикӯшад. Агар ҳар соҳибватан новобаста аз шуғлу мақом худро сарбози Ватан бидонад, бидуни шак, пояҳои кохи Истиқлоли давлатӣ мустаҳкаму бегазанд боқӣ хоҳанд монд.
Месазад, ки ҳар субҳи худро бо замзамаву қироати мисраҳои зерин оғоз кунем, аз ҳавои ҷонбахши истиқлоломези Ватан нафаси тоза бигирем ва идомаи ҳар рӯзамонро бо ҳадафи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ гузаронем:
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!
Бале, Истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон ва мардуми он муҳаббат, саодат ва шараф бахшид.Ҳоло кабӯтарони самои кишвари моро Истиқлол шаҳбол аст. Мардуми мо, ки ба василаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шарафманданд, кабиранд. Беҳуда нест, ки мегӯянд: “…Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст”. Ҳоло, ки бо баҳра бурдан аз Истиқлоли давлатӣ шарафмандем, бояд ба фарзонафарзанди Ватан-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси бекарон бигӯем. Дар оғоз албатта осон набуд. Вале дар ибтидои роҳ, ки раҳбарони вақти Тоҷикистон тавони ҳифзи ин ганҷро накарданд, сарнавишт сарвареро бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба майдони давлатдорӣ овард. Ин ҷавонмарди дар аҳди ватандорӣ содиқ аз оғози ҳамчун раҳбар фаъолияткарданҳо бо дар хатар гузоштани тану ҷони ҷавони хеш таъмин ва ҳифзи Истиқлоли давлатиро муҳимтарин рукни ҳамчун як давлат пойдор мондани Тоҷикистон донистанд ва дар масири бунёд кардани ин кохи армонҳо устуворона гом ниҳоданд.
Солҳои зиёде нагузашт, ки раванди назм ёфтани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми хосаеро касб кардан гирифт. Сохторҳои фалаҷшудаи давлат дар мисоли Артиши миллӣ, маориф, илм ва фарҳанг зина ба зина барқарор шуданд. Масалан, дар натиҷаи сар задани ҷанги шаҳвандӣ дар Артиши миллӣ тақрибан чизе боқӣ намонда буд.Сарвари давлат кори сипоҳсозиро аз сифр шуруъ карда, билохира Артиши миллии Тоҷикистонро ба як лашкари тавонову муқтадир табдил доданд, ки имрӯз ҳайъати афсарону сарбозони ин сипоҳи тавоно ҳамаҷониба дар ҳифзи хоки Тоҷикистон, тамомияти арзӣ ва Истиқлоли давлатӣ қодир мебошанд.
Ҳамин тариқ, кори сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар бахшҳои низоми давлатдории навини Тоҷикистон, аз ҷумла ғанӣ гардонидани буҷаи давлат идома ёфт, зеро мушаххас аст, ки бидуни рушд додани соҳаи иқтисоди миллӣ бой сохтани буҷаи давлат ғайриимон аст. Ба ин хотир, ин қисмати муҳими давлатдорӣ бо шеваҳои барқарор сохтани корхонаҳои саноатии қисман ё тамоман валангоршуда, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисод, ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар ҷиҳати амалӣ намудани ин сиёсат, таҳким бахшидани низоми бонкдорӣ ва барои анҷом додани корҳои илмӣ дар самти иқтисод шароит фароҳам овардан тақвият бахшида шуд. Бо назардошти корҳои дар ин самт анҷомёфта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: “Тайи даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сафарбар карда шуданд”.
Мо, тавассути ҳифз кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сари паймони ватандорӣ устувор истодем ва дар муддати 34 сол армонҳои ҳазорсолаи хешро бароварда намудем. Муҳимтарин армони мо дигарбора ба мутолиа дилгарм кардани мардум ва фаротар огоҳ шудан аз таърихи Ватан буд, ки аз ибтидои роҳи соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо шеваҳои муосиру муассир амалӣ шудан доранд.
Ҳоло дар кишвари мо тақдими “Шоҳнома”-и Фирдавсии бузург ба ҳар хонадон, ки ибтикори шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, амалӣ шудаистодааст. Албатта, ҳадаф аз пиёда кардани ин ибтикори шоиста ошно сохтани мардум бо корномаи фарҳехтагонест, ки барои ҳифзи асолати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ талош карданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ мефармоянд:”«Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад”. Ба ин маънӣ Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода Абулқосим Фирдавсиро, ки бо эҷоди “Шоҳнома”-и хеш дар таҳкими афкори истиқлолхоҳонаи мардуми тоҷик нақши босазо гузоштааст, аз ҳар андешаву пиндор болотар ба қалам медиҳад:
Бувад болотар аз андешаву пиндор Фирдавсӣ,
Намегунҷад ба ҳар осору ҳар омор Фирдавсӣ.
Дирафши ковиёнаш дар фарози гунбади таърих,
Парафшон дар нигоҳи ҷовидон бедор Фирдавсӣ.
Бахти бузург аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ҳар субҳи мо бо шунидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин таронаи хоси ватандорӣ ва аз ҷумлаи муқаддасоти давлатдорист. Чи қадар ифтихорангез аст, вақте ки тавассути дастовардҳои гуногуни ҳамватанонамон, дар мисоли варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ Парчами кишвар партавафшонӣ мекунад ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад!
Дар ин лаҳзаҳо дили ҳар ватандори асил беихтиёр шукронаи соҳибистиқлолии Тоҷикистонро мекунад. Шукри ин озодӣ ва ин неъмати бузург!
Шукри сулҳу оромӣ ва саодатмандиҳо!
Ҷашни Истиқлол муборак бод, Тоҷикистони азиз!
Собирова Шукриниссо
бонуи фаъол, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
