
23 июни соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҷамъбастии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии донишкада дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳаммадалӣ ва ректори донишкада, доктори илми техникӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, ҳамчунин ноибони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва масъулони воҳидҳои сохтории донишкада иштирок ва суханронӣ карданд.
Профессор Бахтиёр Набӣ дар суханронии худ натиҷаҳои шашмоҳаи фаъолияти донишкадаро мусбат арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки бо вуҷуди як қатор мушкилоти техникиву молиявӣ, дар самтҳои таълим, илм, корҳои тарбиявӣ ва робитаҳои хориҷӣ пешрафти назаррас ба қайд гирифта шудааст. Ӯ аз ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва омодагии муассиса ба соли таҳсили оянда ёдовар шуд.
Сипас, ноибони ректор дар самтҳои гуногун ҳисоботи муфассал дода, мушкилот ва имкониятҳои рушди минбаъдаро бо далелҳо таҳлил карданд. Ҳамзамон, як қатор роҳбарони кафедраҳо ва сохторҳо доир ба натиҷаҳои фаъолият, иштироки устодону донишҷӯён дар конференсияҳо ва ташкили чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои беҳтарсозии сифати таҳсилот, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани масъулияти тарбиявии устодону донишҷӯён пешниҳод гардид.
Мирбобоев Ш.Ҷ.
Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ