Аз 16 то 18 июни соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе тренинги омӯзишӣ барои мутахассисони ҷавон баргузор гардид.
Дар тренинг 30 нафар, аз ҷумла донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят иштирок намуданд. Аз ҷумла, ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи фармоиш ва мусоидати раёсати муассиса низ иштирок доштанд. Ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э. қайд намуд, ки мавзӯҳои тренинг ва машғулиятҳои амалӣ барои густариши дониш ва малакаи касбӣ хеле муфид буданд.
Дар ҷараёни тренинг мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи об, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ҳамкории минтақавӣ дар доираи дарёҳои фаромарзӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ татбиқи Стратегияи миллии об барои то соли 2040 ва мусоидат ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар масъалаҳои рушди устувор арзёбӣ мешавад. Шакли интерфаъол ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ шароити хуб барои табодули таҷриба ва барқарорсозии робитаҳои касбӣ фароҳам овард.
Ба гуфтаи иштирокчиён, тренинг илова ба баланд бардоштани дониш, инчунин ҳавасмандии онҳоро барои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи захираҳои об бештар намуд.
Боиси қайд аст, ки дар ин самт кафедраҳои Донишкада бисёр фаъолияти назаррас доранд. Аз ҷумла дар мавзӯъи мазкур соли 2015 аз тарафи ҳайати профессориву омӯзгории кафедраи экология тибқи Лоиҳаи байналмилалии Ҳамоҳангсозии об, китоби таълимӣ бо 5 забон бо номи “Идоракунии захираҳои обӣ. Усулҳои физикӣ-химиявии тозакунии об” ҳар кадом зиёда аз 600 саҳифа таҳия ва дар 5 кишварҳои ҷаҳон нашр гардида буд.
Ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э.
20.06.2025 с.