ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮИ СОЛИ ЯКУМИ ИХТИСОСИ ЭКОЛОГИЯ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Аз 29 то 30 майи соли 2025, дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди сатҳи ҷаҳонӣ зиёда аз 2500 коршиносу роҳбари ҳайатҳои ҳукуматӣ аз 80 кишвари ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ширкат варзиданд.

Дар ин ҳамоиши инчунин донишҷӯи фаъоли соли якуми ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист” — Иброҳим Исмоилов, намояндаи фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аъзои фаъоли Экоклуби ДКМТ  ширкат варзид.

Иброҳим Исмоилов бо вуҷуди он ки танҳо як сол аст донишҷӯ шудааст, аллакай ҳамчун иштирокчии фаъоли чорабиниҳои муҳити зист, аксияҳои экологӣ, озмунҳои донишҷӯён ва иштирокчии Академияи зимистонаи соли гузашта (YGPE) оид ба экология, дар муҳити илмии донишгоҳ ва берун аз он шинохта шудааст.

Иштироки ӯ дар чунин як ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ нишони шавқмандии ҷавонон ба ҳифзи муҳити зист, омодагии ҷавонони тоҷик ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои оби тоза мебошад.

Дар конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла таъсиси Бунёди фонди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва эълони солҳои 2025–2034 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои яхшиносӣ, маълумот пешниҳод карданд.

Дар доираи ин конфронс, 29 май, ташкилоти Central Asia Youth for Water (CAY4W) як ҳамоиши паҳлӯии муҳими байнинаслӣ баргузор намуд, ки дар он Иброҳим Исмоилов, донишҷӯи соли якуми ихтисоси “Ҳифзи муҳандисии муҳити зист” аз ДКМТ иштирок кард.  Инчунин Иброҳимов М. дар чорабинии ҳамроҳ оид ба масъалаҳои санитарияи ғайримарказонидашуда (ДСР) (BORDA) ҳамчун равиш ба коҳиш ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иштирок намуд.

Иштироки донишҷӯ Иброҳим Исмоилов дар чунин сатҳи байналмилалӣ на танҳо таҷрибаи нодир, балки ифтихори дигар донишҷӯёни донишкада ба ҳисоб меравад, зеро ӯ дар ҳудуди ин конфронс имкони мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ, муҳаққиқон ва шахсиятҳои калидии соҳаи муҳити зистро пайдо кард.

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон иштирок ва фаъолиятҳои илмии донишҷӯёни болаёқатро дар чунин чорабиниҳо дастгирӣ намуда, онҳоро ба иштироки бештар дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ташвиқ менамояд.

Назарова М.Э., ассистенти кафедраи экология,
Ҷоизадори Озмуни Ҷумҳуриявии “Муҳаққиқи ҷавон – 2024”