РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ-ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ

Тибқи ҷадвали Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санаи 19.05.2025 с. донишҷӯёни бахши 2, ихтисосҳои 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ва 510101 – Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок факултети корҳои кӯҳӣ кафедраи Геология ва корҳои нафту газ таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоиро оғоз намуданд. Аз рӯи тақсимот донишҷӯёни ихтисоси 510101 ба КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” ва 510202 ба ҶСК “Суғднафтугаз” равона карда шуданд. Роҳбари таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯёни ихтисоси 510101 – муаллими калони кафедра Ғуломҳайдарова Х.М. ва ихтисоси 510202 – муаллими калони кафедра Почоев А.А. таъин карда шудааст.

Аз рӯи барномаи гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ, санаи 19.05.2024 с. аз тарафи роҳбарони таҷрибаомӯзи пеш аз сафарбар шудан ба корхонаҳои саноатӣ, дастур оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сухтор дода шуд. Дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёни ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, аз таҷҳизотҳои асосии пармакунии чоҳҳо дар базаи хизматрасонии саноатӣ ва раванди пармакунии чоҳҳои №16 ва №17 майдони Махрам шинос шуданд. Дар вакти тачрибаомузи донишҷӯёни ихтисоси 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои оид ба ҷинсхои кӯҳӣ ва минералхо аз чониби мутахассиси соха Абдураимова Зебохон маьлумотҳо пешниход карда шуд. Ба ғайр аз ин, донишҷӯён аз озмоишгоҳи нафту газ, осорхонаи минералогӣ ва дастгоҳи нафткашӣ дар худи донишкада шинос шудаанд.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён назди чоҳи №16 майдони Махрам

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар чоҳи №17 майдони Махрам

Шиносоии донишҷӯён бо корхои ҶСК “Суғднафтугаз” ҳайати роҳбарияти корхона

Рафти гирифтани дастурамали техникаи бехатарӣ дар саноат

Шиносоии донишҷӯён бо базаи хизматрасонии истеҳсолӣ дар ҶСК “Суғднафтугаз”

Рафти шиносоии донишҷӯён бо таҷҳизотҳои асосии таҳлили маъданҳо дар КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”

 

Почоев А. 

Омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ