
Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд таҷлил намудани 84 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ баргузор карда мешавад.
Санаи 20 майи соли 2025 дар донишкада, бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ бахшида ба 84- солагии шоири адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ якчанд чорабинии адабию фарҳангӣ дар мавзӯи «Лоиқ Шералӣ нобиғаи шеъри форсу тоҷик» дар китобхонаи муассиса баргузор гардид.
Маҳфили илмӣ-адабиро мудири кафедра Тоҷибоева М.И. маърўзаи пурмўҳтаво бо номи “Лоиқ Шералӣ- шоири тоҷику форс” ифтитоҳ намуд, ки оғозбахши кори маҳфили илмӣ-адабӣ гардид. Дар маҳфил омӯзгорон ва донишҷўёни фаъоли донишкада иштирок намуданд. Дотсенти кафедра Ҷалолова З.А. дар баромади худ оид ба эҷодиёти абармарди илму адаб, оне ки садои шеъраш оламро ассир кардааст, тараннумгари ватандӯстӣ, номвару шӯҳратёртарин шоир мебошад, маълумот доданд ва порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд.
Дар қисми адабӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо аз эҷодиёти шоир бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), порчаҳои шеърӣ аз “Модарнома”-и шоир қироат намуданд.
Санаи 19.05.2025с. байни факултетҳои донишкада озмуни навиштани иншо дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ дар ашъори Лоиқи Шералӣ” гузаронида шуд. Донишҷӯён Қодиров Абдуллоҷон – донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 430101-а, Абдуҷалилзода Олим- донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 430101-а, Раззоқов Фаррухҷон- донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 430101-б, Ортиқов Самандар – донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси 430101-а ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Ҳамин тавр ба муносибати рӯзи тавлиди шоир донишҷӯён аз ашъори шоир маърўзаҳои илмӣ, порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Омӯзгорону донишҷӯёни фаъоле, ки дар давоми ҳафта фаъолияти назаррас нишон доданд ва дар озмунҳо иштирок намуданд бо сипосномаҳо аз ҷониби садорати донишкада сарфароз гардонида шуд.
Тоҷибоева М.И.
Мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ