Рӯзи Рӯдакӣ дар донишкада таҷлил карда шуд

Имрӯз, толори китобхонаи донишкада бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он як қатор омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабиниро нахуст сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷанбаи тарбиявии осори Рӯдакӣ ва таъсири он ба шаклгирии афкори ҷомеа маърӯза хонд. Сипас, муовини декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ Шеров Зоҳир, омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Нурматова М. маърӯза намуда, оид ба осор ва назари адабиётшиносон ба осори Рӯдакӣ ба ҳозири маълумот доданд.  

Дар чорбаинии имрӯза ҳамчунин донишҷӯён суханронӣ ва аз ашъори Рӯдакӣ қироат намуда, табъи ҳозиринро шод намуданд. 

Шуъбаи иттилоот