Тарғибу ташвиқи донишкада аз ҷониби омӯзгорони кафедраи менеҷмент

       Мусаллам аст, ки моҳи январ барои омӯзгорони донишкада моҳи тарғибу ташвиқ ва мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру навоҳӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Дар ин миён омӯзгорони кафедраи менеҷмент низ зери роҳбарии Собирова Шукринисо дар ҳамроҳӣ бо омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо ҳамроҳии омӯзгории кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар ноҳияи Спитамен корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ гузаронида, аз имкониятҳои донишкада ва афзалиятҳои ихтисосҳои мавҷуда сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳама корҳои тарғиботӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои “Довталаб-2022” ҷараён гирифтаистодааст. 

Шуъбаи иттилоот