Бахши таъминоти ҳуқуқӣ
Бахши таъминоти ҳуқуқӣ бахши басо масъули сохтори Донишкада ба ҳисоб рафта, дар асоси Низомномаи он фаъолият мекунад. Бахши таъминоти ҳуқуқӣ дар ҳайати Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус амал карда, дар фаъолияти худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, қарору фармоишҳои ректори Донишкадаро ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷро қарор медиҳад.
Бахши мазкур дар ҷалби кадрҳои идоракунӣ, маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳамарӯза саҳмгузор аст. Ҳамчунин, шуъба дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва риояи қонунгузорӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаҳду талош менамояд. Сиёсати пешбурди кории бахши мазкур аз сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус вобаста мебошад.
Роҳбарии бахши таъминоти ҳуқуқиро айни замон Қаноатова Гулнора бар уҳда дорад.
