Мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Намангон

Дирӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин намояндагони Донишгоҳи Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти муколама, ки дар он ҳамчунин декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ширкат менамуданд, робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои пажӯҳишӣ баррасӣ гардид.

Қарор аст дар оянда робитаҳои ҳамкорӣ тавсеа дода шаванд ва созишномаҳои ҳамкорӣ баста шаванд.

Шуъбаи иттилоот