Ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар баррасии рисолаи докторант Боқизода Д.

Имрӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада пешдифои диссертатсияи  Боқизода Домулло дар мавзӯи “Тозакунии обҳои шорандаи истеҳсолоти масолеҳи маҳкамкунӣ аз металлҳои вазнин (дар мисоли  ҶДММ “Тоҷфилиз”)” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, мувоини аввали ректор профессор Замониддин Насриддинов, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ва дигар профессорону омӯзгорон ширкат намуданд.

Қайд карда шуд, ки рисолаи Боқизода Д.  ба талаботи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, муаллифи рисолаи мазкур дорандаи нахустпатент низ ҳаст. 

Ёдовар мешавем, ки рисолаи мазкур барои дарёфти доктори илмҳои фалсафа (PHD) аз рӯи ихтисоси 25.00.27-гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия пешниҳод гардидааст.

Боқизода Домулло докторанти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, барои имсол аввалин довталаб дар ин самт мебошад ва зери роҳбарии Ҳоҷиев Саидмуқбил кори илмиро пеш мебарад.

Шуъбаи иттилоот