Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар донишкада

Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онон аз вазифаҳои аввалиндараҷа буда, имрӯз мо бояд бо тарбия намудани ҷавонон роҳи хешро ба онҳо биомӯзем, то барои пешрафти Ватан саҳмгузорӣ намоянд. 

Ҳоло, барои таҷлили рӯзи ҷавон ба донишкада меҳмонон муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ихтиёр  Исроилов    ва сардори бахши хадамоти ин ниҳод Шодмонҷон Нурматов ташриф овардаанд, ки сухан ба эшон дода мешавад, гуфт профессор Умарҷонов А. 

Пас аз суханронии муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят  Исроилов И., ки номаи табрикотии сардори раёсати мазкурро манзури ҳозирин гардонид, ба як қатор фаъолон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Дар интиҳо ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. 

Шуъбаи иттилоот