Вохӯрии муовини ректор Насриддинов Замониддин бо намояндагони ширкати хидматрасонӣ

Имрӯз, муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин намояндагони ширкати “Пиксел” Фирӯз Азизиро ба ҳузур пазируфтанд. Тавре аз суҳбат маълум гардид, намояндагони ширкати мазкур мехоҳанд дар умури тиҷорат ва заруриятҳои самти маориф бо донишкада ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Насриддинов З. нахуст омодагии донишкадаро бо ҳама ширкатҳо ва муассисаҳои самтӣ эълом дошта, изҳор доштанд, ки дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳатман пешниҳоди ширкат ба инобат гирифта мешавад.

Шуъбаи иттилоот