Омӯзгорони донишкада аз аттестатсияи давлатӣ мегузаранд

Тавре, қаблан иттилоъ дода будем имрӯзҳо дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аттестатсияи омӯзгорон гузаштаистодааст ва тамоми омӯзгорони донишкада барои имсол аз аттестатсияи давлатӣ мегузаранд.
Комиссияи аттестатсионӣ бо роҳбарии ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовинони ректор Насриддинов Замониддин, Умарҷонов Абдусафо, Ҷабборзода Муҳаммад, Аминҷонова Мавлуда, раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, сардори раёсати кадрҳо Мӯминова Дилором, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Дилшод фаъолият менамояд.
Феълан аксарияти омӯзгорони донишкада аз аттестатсияи давлатӣ гузаштанд.

Шуъбаи иттилоот