Ҷашни миллии тоҷикон – Сада

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ҷашни Сада низ яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёист. Моҳияти ҷашни Сада дар пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ аст ва мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург ҷашн мегиранд. Ҳамасола Сада дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман (аз рӯи тақвими шамсиӣ 11-ум) таҷлил мешавад, ки аз рӯи солномаи таваллуди Масеҳ ба 30 январ баробар аст.
Ҳадафи аслии баргузории ҷашни Сада эҳтиром ба рӯшноӣ, равшанӣ ва гармӣ мебошад. Дар таърихи таҷрибаомӯзи омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ ба баҳор, гармӣ ва равшанӣ даъват мекарданд. Мақсади мардум дар ҷашни он ибтидои омодагӣ ба корҳои саҳроӣ ва боғу боғдорӣ дониста мешавад. Сада иди хурду калон, зану мард ва умуман тамоми шахрвандон аст. Вай ба ягон дин тааллуқ надошт ва мансуб нест.Дар мавриди рамзкушоии истилоҳи «Сада» дар маъхазҳои таърихӣ ва бадеӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд.
Аз ҷумла, маъмултарин тавсифи мардумӣ ин аст: «Сада» аз шумораи сад (100) гирифта шуда, панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб пеш аз фарорасии Наврӯз аст. Аммо ба гуфтаи таърихнигорон, истилоҳи “сада” аз вожаи “рег”-и китоби Авесто гирифта шуда, ба маънои зуҳур ва воқеъ шудан аст. Яъне пайдоиши рӯшноӣ ва гармӣ.
Ин ҷашн хотираи давраи ориёиро ифода мекунад, ки дар маъхазҳои таърихию бадеӣ ба қаҳрамони таърихии Ҳушанг нисбат дода мешавад. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи таъсиси ҷашни Сада мегӯяд, ки рӯзе Шоҳ Ҳушанг ҳамроҳи хешовандонаш ба шикор рафта, дар кӯҳсор мори дарозу тирае дид. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯи мор мепартояд, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба дигаре бархӯрда, шарора ба вуҷуд меояд, ки аз ин ҳама алафҳои хушк сӯхта мешаванд. То ин дам одамон усули оташ заданро намедонистанд. Ҳушанг ва наздиконаш аз кашфи сирри оташафрӯзӣ шодӣ карда, онро неъмати илоҳӣ медонистанд. Шоҳ Хушанг аз худованд шукр гуфт, ки асрори оташафрузиро ба мардум фош кард ва ба шаҳри худ баргашта, ин воқеаро ҷашн гирифт.
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо то замони ҳукмронии Ғазнавиён ва Салҷуқиён маълум буд ва дар баъзе манотиқ то истилои муғулҳо дар баробари ҷашнҳои Наврӯз дар саҳни ҳавлӣ ва миёни мардум ҷашн гирифта мешуд. Тавсифи ҷашни Сада дар замони Сомониён ва Ғазнавиён дар осори таърихию бадеӣ, бахусус дар қасидаҳо мушоҳида мешавад.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 30-юми январ дар кишвари мо Рӯзи Сада расман ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада рӯзҳои хоси таҷлилӣ доранд.
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд. 

Баҳринисо Ӯзбекова,
директори китобхонаи илмӣ – электронии
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон