Ҷашнгирии 700- солагии Камол дар ДКМТ

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии шоир ва орифи бузурги миллати тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика  Шоҳинҷон Туев таҳти унвони “Булбули хушилҳоми Шарқ” чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Нахуст чорабиниро мудири кафедра Туев Ш. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шахсияти шоир ва афкори иҷтимоии ӯ ва таъсири волои шеъраш сухан ронда, ҷашнгирии 700 –солагии ин шоири бузургро иқдоми наҷиб ва беназири фарҳангӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Сипас Самадова Ҳусния., Осими Оқил., Эшов Зулфон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ маърӯзаҳо қироат намуда, аз муҳтавои пурмазмуни осори Камол ҳозиринро огоҳ гардониданд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён саҳнача оид ба рӯзгори Камолро иҷро намуданд ва пас аз он  пораҳои шеърӣ аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби донишҷӯён қироат гардид, ки хеле фазои хуби ҷашниро ифода менамуд.

Шуъбаи иттилоот