Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректор муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи донишкада ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳаи дуюм баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин ҷиҳати пешрафти кор ва саҳми ҳайати профессорию омӯзгорӣ дар рушди таълиму тарбия миннатдорӣ баён намуданд. Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин, аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдрас шуда, таъкид доштанд, ки мо- омӯзгорон бояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бештар нишон диҳем ва талош намоем, то ба ҷомеа мутахассисони баландихтисоси соҳаро тарбия намуда, равон созем. Дар шароити феълӣ омода намудани мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия, ҳамзамон татбиқи илм дар истеҳсолот аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад ва дар ин самт мову шумо ҳамкорони арҷманд бояд ҳиссагузорӣ намоем, то тавонем ба ҳадафи олии мамлакатамон саноатикунии босуръати ҷумҳурӣ ноил гардем.

Сипас, ба ҳозирин аз вазъи таълим ва сифату шароити мавҷудаи сохтори мазкур ва пешрафтҳо дар ин самт муовини ректор оид ба таълим (муовини аввал) Насриддинов Замониддин ҳисобот доданд.
Роҷеъ ба дастовардҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмиллалӣ, лоиҳаҳои грантӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо гузориш доданд.
Перомуни корҳои тарбиявӣ, риояи қонунҳои мавҷуда ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ҳисобот доданд.
Оид ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру тармими донишкада ва азнавсозии озмоишгоҳҳову биноҳои таълимӣ, сохтани маркази гармидиҳӣ, омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад ҳисобот доданд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин, таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби омӯзгорон ва деканҳои факултет сурат гирифт, ки муовинони самтӣ ба ҳар як суолу пешниҳодҳо мулоҳизаронӣ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз фаъолияти шашмоҳа қаноатмандии хешро баён намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти илмӣ- истеҳсолӣ бояд ҷоннок карда шавад ва ҳамзамон робитаи кафедраҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ густариш дода шавад. Ректори донишкада ҳамчунин илова намуданд, ки минбаъд дарсҳои амалӣ дар филиалҳои кафедраҳои самтӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ гузаронида шавад, то донишҷӯён тавонанд, ки донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ намоянд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо ба ҳама омӯзгорону кормандон барои гузоштани саҳми беандозаашон дар пешрафти кори донишкада изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз ин пас қолабҳои кӯҳнаро мешиканем ва аз рӯйи имкон ба ҳар як корманди донишкада мусоидат менамоем ва дасти ҳамдигарро мегирему ҳаракат мекунем, то барои давлату миллати азизамон содиқона хизмат намоем. Вазифаи мо омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкориву металлургия ва самти иқтисодиёт мебошад, ки дар ин самт мо бо ҷиддият сайъ мекунем, то аз худ саҳми арзанда гузорем ва ояндагон ба мо тавонанд, ташаккур бигӯнд. Ҳоло ман аз ин минбар истода, ба ҳамаи Шумо ҳамкорони азиз, ки барои мову шумо ин ҷо хонаи дуюм аст, ваъда медиҳам, ки ба ҳама мушкилотатон бо ҳамроҳии Иттифоқи касабаи донишкада расидагӣ мекунем ва Шумо ҳам, то метавонед, барои омода намудани мутахассисони варзида талош намоед, ҳамаи кӯшишу ғайрати хешро истифода баред. Мо, бояд ба савганди хеш дар назди ҷомеа содиқ бошем ва фарзанди мардумро ҳамчун фарзанди худ қабул намуда, тарбия намоем, таълим диҳем, аз ӯ мутахассиси варзида бисозем. Ҳар амали нек, подошаш нек аст ва ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, даст ба амалҳои нек занем. То 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати каме боқӣ мондааст ва мо ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бояд дар ин фурсати кӯтоҳ саҳми бузургтаре бигузорем.

 

Шуъбаи иттилоот