Ҷаласа оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии донишкада ҷаласаи факултети корҳои кӯҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст назадан ба амалҳои номатлуб, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва риояи қоидаҳои донишҷӯӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ оид ба тарбия Холбоев Рафиқҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳадафи ҷаласа ва масъалаҳои баррасишаванда сухан ронд.
Сипас, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ Самиев Бекмурод роҷеъ ба хатари ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ, зарари гурӯҳҳои ифротгаро ва маҳкум намудани амалҳои номатлуб суханронӣ кард.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём ва декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули низ аз рӯи масъалаҳои мавҷуда суханронӣ намуда, зарару зиёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро ба донишҷӯён шарҳ доданд. 

Дар интиҳо ба донишҷӯён ҷиҳати риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои ягонаи донишҷӯӣ ва хубу аъло хондану омӯхтани забонҳои хориҷӣ машварат дода шуд.