Оғози марҳалаи ниҳолшинонӣ дар донишкада

Имрӯз бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада марҳалаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Холиқов А. иттилоъ дод.
Аллакай дар боғоти қисмати даромадгоҳи асосии донишкада аз ҷониби боғпарварон ва деҳқонон арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуд.

Гуфта шуд, ки ин иқдом то моҳҳои март идома хоҳад ёфт.