Баргузории шанбегии умумӣ дар донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар шанбегии умумӣ тамоми кормандону донишҷўён ширкат варзида, саҳни донишкада, боғоти мавҷуда ва роҳҳои марказиву шафати донишкадаро пурра аз партовҳо пок карданд.