Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 9 моҳаи донишкада бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи калони донишкада бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ фаъолияти 9 моҳаи донишкада ҷамъбаст карда шуд.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бахши маориф ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф рушду такомул ёфта, имрӯз соҳаи мазкур яке аз соҳаи пешсаф мебошад. Сипас, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба пешрафти донишкада дар давраи нӯҳмоҳа ёдрас шуда, аз фаъолияти самтҳо изҳори сипосмандӣ намуданд.
Оооо
Дар ҳузури ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи самти таълим ҳисобот дода, пешрафти самтро назаррас арзёбӣ намуданд. Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо роҷеъ ба самти илм ва инноватсия ва пешрафти олимони донишкада, дифои рисолаҳои илмӣ, гузаронидани семинару конфронсҳо дар давраи 9 моҳи фаъолият ҳисобот доданд. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент Аминҷонова Мавлуда оид ба фаъолияти самти тарбия ва муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода М. оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи самти хоҷагидорӣ иттилоъ доданд.
Ҳамзамон, директори ҷониби тоҷикистонии донишкадаи Конфутсий Валиева Мастура оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи худ, ҳисобот доданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ фаъолияти нӯҳмоҳаи донишкадаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба сохторҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин, ба ҳама изҳори сипос намуда, ба ҳамагон муваффақияту комгорӣ таманно намуданд.
Шуъбаи иттилоот